Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Рӯзи 4 октябри соли 2021  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии ин масъала вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3341илова карда мешавад, ки минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Манбаъ: Сомонаи расмии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Parlament.tj.