«Конститутсия – пойдевори давлати миллии тоҷикон”
Санаи 5 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе” бахшида ба 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” таҳти унвони “Конститутсия – пойдевори давлати миллии тоҷикон” ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни он намояндагони суди шаҳри Душанбе сардори шуъбаи умумӣ Назирмадзода Д.Н., Муҳаммади Сафарзод ва Сафаров Ҳикматулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш меҳмонони даъватшуда сардори шуъбаи умумии суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д.Н., корманди дастгоҳи суд Муҳаммади Сафарзод бо сипосномаи директори коллеҷ сарфароз гардонида шуданд.
Мақсад аз иштироки намояндагони суди шаҳри Душанбе дар ҷаласаву ҳамоиш ва чорабиниҳои ҷашнии муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, риоя ва иҷрои талаботи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Муҳаммади Сафарзод
корманди дастгоҳи суд