Конститутсия –санади тақдирсози миллат

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии кишвар ба ҳисоб рафта танзимгари муносибатҳои муҳими  ҷамъиятӣ, мояи ифтихор, шодкомӣ ва осудаҳолии мардум гардидааст. Ин санади тақдирсоз  ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва таърихӣ баромад намуда, муаррифкунандаи давлат дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии қабули ҳамаи санадҳои меъёри ҳуқўқи Конститутсия буда, муносибатҳои мухталифи ҷомеаро ба танзим медарорад.

Пас аз барҳам хурдани ИҶШС ҳама ҷумҳуриҳои ҳайати он соҳибихтиёрии комили худро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи он давлатҳре   буд, ки санаи 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро ба даст овард. Бо соибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам омад, ки тамоми низоми қонунгузории  кишвар аз хишти аввал бунёд карда шавад ва барои мустаҳкам намудани низоми қонунгузорӣ бояд Қонуни асосии давлат  қабул гардид. Санаи 6 ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсия ва ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуданд. Ин воқеа дар ҳаёти сиёсӣ ва давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварда, самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҷомеа ва давлатро муайян намуд, ки минбаъд дар асоси он фаъолияти тамоми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси он ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар  Тоҷикистон ҳамагӣ 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст, ки бори аввал 28 апрели соли 1929, дуюм 20 декабри соли 1931, сеюм 01 марти соли 1937, чорум 14 апрели соли 1978 ва панҷум 6 ноябри соли 1994 буд, ки ҳар яке аз онҳо бо назардошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ аз якдигар тавофут дошта, дигаргуниҳои ҷомеаро дар бар гирифта муносибатҳои ҷамъиятиро мавриди танзим қарор додаанд.

Бояд гуфт, ки Конститутсияи даврони истиқлолият аз Конститутсияҳои пештара амалкунада ба куллӣ фарқ мекунад, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилаӣ ҷавобгў мебошад. Афзалияти дигари Контитутсияи ҳоло амалкунада дар он аст, ки боби алоҳида ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, ба уҳдаи давлат масъулияти бахшиши иҷтимоиро вогузор намудааст, ки яке аз хусусиятҳои муҳми арзиши башарӣ ба ҳисоб меравад. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз қабили иқтисодию иҷтимоӣ сиёсию фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим ҳуқуқу озодиҳои шахсиро кафолат додааст, ки барои рушди тафакури инсоният ва дарки моҳияти инсонии ҳар як шахс заминаи такондиҳанда гузоштааст.

Муҳимтарин хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки он бо азму мақсади қавии халқи тоҷик, яъне «Бунёди ҷомеаи адолатпарвар, бо гузоштани масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, муқаддас донистани ҳуқуқи шахс ва эътироф намудани баробарӣ ва дустии тамомӣ халқу милатҳо» қабул гардидааст.

Муҳимияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мебошад, ки он соҳибихтиёри, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳо давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муайян карда мекунад.

Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқадима 10 боб ва 100 модда иборад буда ба он то имруз се маротиба бори якум 26 сентябри соли 1999, дуюм 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли  2016 таъѓиру иловаҳо ворид гардидааст, ки мақсад аз ворид гардидани таъѓиру иловаҳо ба Конститутсия ин рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ  мебошад.

Аз ҷониби дигар меъёрҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатми мебошад ва Конститутсия  шаҳвандон вазифадор намудааст, ки меъёрҳои онро риоя кунанд. Ҳангоми риоя нашудани талаботҳои Конститутсия тибқи конун ва дигар снадҳои меъёри ҳуқуқи чавогари пешбини карда шудааст.

Боиси зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги даврони истиқлол буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллӣ мебошад.

 

Котиби маҷлиси судии

Суди шаҳри Душанбе                                    Наҷмуддинзода Оишамоҳ