КОНСТИТУТСИЯ РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд, ки дар он ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шумурда, соҳибихтиёрии давлат таъмин карда шуд. Баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, таъсис додани низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт марҳилаи муҳимтарин гардид. Мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аслан аз нав ташаккул ёфтанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба сифати пояи аслии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, дар моддаи 9 чунин муқаррар менамояд: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешравии ҳаёти кишвар саҳми худро мегузоранд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ, дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд.

Аз ин рӯ, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».

Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки дар боби мазкури Конститутсия доир ба фаъолияти судҳо дар симои судяҳо нуқтаи хеле муҳим-амали мустақилонаи судҳо ва дахлнопазир будани судяҳо баён шудааст. Чунончӣ, дар моддаи 87 таъкид шудааст, ки «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Ин нуқтаҳо барои пойдории мустақилияти рукни ҳокимияти судӣ, ки яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад, баҳри таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳо таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша дар такомул мебошад, бинобар ин қонунҳо низ вобаста ба он дар марҳилаҳои зарурӣ такмил меёбанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун санади инъикоскунандаи воқеияти ҷомеа, бо тақозои замон тағйиру иловаҳо ворид мешаванд. Бо назардошти ҳамин, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва баъдан 22 майи соли 2016 як силсила таѓйиру иловаҳо ворид гардида, бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ эътибори қонунӣ пайдо намудаанд.

Воқеан, пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Дар асл ҳокимияти судӣ кафолатдиҳанда ва таъмингари волоияти қонун дар ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, асосҳои қонунии кафолати ҳуқуқии ҳифзи судии ҳар як шаҳрванд дар моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшан баён шудааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳақ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд».

Ҳамин тариқ, низоми судии дар асоси ислоҳоти судию ҳуқуқи такмилёбанда далели пешрафти кишвари мо дар амали шудани принсипҳои демократӣ буда, Конститутсия кафолатдиҳандаи таҳкими ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

 

 

Кормандони дастгоҳи

суди шаҳри Душанбе: Босхонзода С.С. ва Ҳабибов С.С.