Конститутсия кафили сулҳу субот

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа пешгузошта шуд, ки вобаста ба устувор ва пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ саъйю кушиш намоем. Аз ин сабаб зарурат пеш омад, ки баҳри устувор нигоҳ доштани соҳибистиқлолии мамлакат рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудем.

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Комиссияи конститутсионӣ иборат аз  3 гурӯҳ таъсис дода шуд. Ҳайати комиссия аз мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, олимон ва муҳаққиқони соҳаи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқшиносонӣ касбӣ иборат буд, ки онҳо тавонистанд бо такя ба арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, забон ва урфу одатҳои хоси миллати фарҳангсолорамон бо эҳтиром ба арзишҳои эътирофгардидаи умумибашарӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ лоҳиҳаи Конститусияро таҳия намоянд, ки он ба халқи шарафмандамон қобили қабул бошад.

Аз ин рӯ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандиашон истифода намуда, баҳри пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувори мамлакатамон, санаи 6 ноябри соли 1994 лоҳиҳаи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қобили қабул эътироф намуда, онро бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул намуданд.

Дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабул гардидани Конститутсияи амаликунанда 4 маротибаи дигар дар даврон Шӯравӣ Конститутсияҳо қабул гардида буданд. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Гарчанд, ки қаблан мо дорои чунин санади ҳуқуқӣ будем, аммо онҳо ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуданд. Соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ба танзим даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Конститутсияи амаликунанда афазалиятҳои зиёдро баҳри амали намудани ҳадафҳои милливу давлатӣ муайян кардааст. Масалан, тибқи муқаррароти моддаи 2 Конститутсия забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

Мувофиқи моддаи 3 санади мазкур рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта шуданд.

Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст, ки мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии д авлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба  онро кафолат медиҳад.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи К онститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Бо шарофати Конститутсия ва Истиқлолияти давлатӣ Тољикистон ба сифати узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳон бо дарки масъулияти таърихии худ ва гузоштани эҳтиром ба меъёрҳои байналмилалӣ дар сатҳи Конститутсияи давлатии худ санадҳои ҳуқуқии байналхалқиеро, ки онҳоро эътироф мекунад, ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон намудааст. Инчунин, муқаррароти қисми 3 моддаи 10 “санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд”

Аз ин рӯ, мо муносибатҳои хориљии худро баҳри дар амал татбиќ намудани ин меъёрњои Конститутсия пеш мебарем ва дар ин замина мунтазам иқдомњои сатҳи байналмилалиро анҷом медиҳем.

То имрӯз ҳам, дар назди мо вазифа ва корҳои азими заҳматталаб хело бисёранд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки халқи шарафманди Ватани бузургамон дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гашта, саъю талошҳо баҳри зиндагии осудаву пойдории Ваҳдати миллиамон намуда ва дар ҳамбастагӣ баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани соҳибистиқлолии кишварамон кӯшиш менамояд.

Тамоми сокинони Ватани азизамонро бахшида ба 27 солгардии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз самими қалб муборакбод гуфта, ба якояки Шумо таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар Ватани азизамон сулҳу субот ва Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ поянда бошад.

 

Муовини раиси суди шаҳри Душанбе

Бобохонзода Асомуддин

 

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Давлатқадамов Саидқоим