Таъиноти коллегияи судӣ аз рӯи шикояти кассатсионии намояндаи қонунии маҳкумшудаи ноболиғ Зурбеков Ҷ.А.- Баратова З.И.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати Раисикунанда Амонзода Н.Ш., судяҳои суди шаҳри Душанбе Нарзуллозода Ш.Н. ва Юсуфзода М.Ф., парвандаи ҷиноятиро дар аз рӯи шикояти кассатсионии намояндаи қонунии маҳкумшудаи ноболиғ Зурбеков Ҷ.А.- Баратова З.И. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 29.03.2019 сол, ки бо он:

Ноболиғ Зурбеков Ҷаҳонгир Анварович, рӯзи таваллудаш –11.10.2003 сол, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 28.03.2018 сол бо моддаҳои 244 қисми 3 банди “а” ва 32 қисми 3-244 қисми 2 бандҳои “а, б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 ва 88 қисми 2  ҳамин Кодекс аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо, ҷазои ниҳоӣ бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ таъин карда шуда, дар асоси таъиноти коллегияи ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 25.04.2018 сол ҳукми мазкур тағйир дода шуда, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пурра зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ ба мўҳлати 5 солу 10 рўз таъин карда шуда, дар асоси талаботи моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда шартан татбиқ карда нашуда, 1 солу 6 моҳ мўҳлати санҷишӣ муқаррар карда шудааст, аъзои ягон ҳизб нест, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, манзили 28, ҳуҷраи 50,

  • бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 3 (се) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 71 қисми 8-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартан татбиқ накардани ҷазои ҷиноятии 5 солу 10 рўз маҳрум сохтан аз озодӣ, бо татбиқи моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани 1 (як) солу 6 (шаш) моҳ муҳлати санҷишӣ, ки нисбати ноболиғ Зурбеков Ҷаҳонгир Анварович, ки бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 28.03.2018 сол бо моддаи 32 қисми 3-244 қисми 2 бандҳои «а,в» ва 244 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуда, дар асоси таъиноти коллегияи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе аз 25.04.2018 сол ҳукми мазкур тағйир дода шудааст, бекор карда шуда, дар асоси талаботи моддаи 68 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои нави бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 29.03.2019 сол таъин намуда, ҷазои бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 28.03.2019 сол таъингардида, дар асоси таъиноти суди шаҳри Душанбе аз 25.04.2018 сол тағйир дода шудааст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, қисман зам карда шуда, ба ноболиғ Зурбеков Ҷаҳонгир Анварович аз рўи маҷмўи ҳукмҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 6 (шаш) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низомаш умумӣ, таъин карда шудааст.

Аз ҳисоби ноболиғон Зурбеков Ҷаҳонгир Анварович, Рузиев Худойдод Икромович ва Назаров Суҳроб Имомович ба тариқи муштарак ба фоидаи ҷабрдида Ишанкулов Шокирҷон Муродуллоевич маблағи 951 сомонӣ ва ба фоидаи ҷабрдида Ишанкулов Бахтиёр Шокирҷонович маблағи 350 сомонӣ рўёнида шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Суди марҳилаи якум ноболиғ Зурбеков Ҷ.А-ро барои он гунаҳгор дониста маҳкум намудааст, ки номбурда бо ноболиғ Холиқов Меҳроб Абдулвоситович бо маслиҳати пешакӣ санаи 22 июли соли 2018 тақрибан соати 0930 дақиқа, ҳангоми дар суроғаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, хиёбони И.Сомонӣ, рў ба рўи бинои «Барқи Тоҷик» қарор доштанашон бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, вориди мағозаи фурўши либос бо номи «Малика» гардида, аз қисми севуми мағозаи мазкур аз дохили ҷуздони занона, ки дар дохили ҷевон қарор дошт, бо роҳи пинҳонӣ як адад ҳаммиёни занонаи рангаш сурх, ки арзишаш 400 сомонӣ, дар дохили ҳаммиёни мазкур маблағи пулии нақд ба миқдори 1500 сомонӣ ва 500 рубли русӣ, ки мутаносибан бо асъори миллӣ баробар ба 74  сомонию 20 дирам буда, ба ҷабрдида Сайфиддинова Ҳанифа Ахмедовна тааллуқ доштааст, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Онҳо маблағи дузди кардаашонро байни худ баробар тақсим намуда, ба манфиатҳои шахсияшон сарфа карда, бо ин кирдори барқасдонаашон ба ҷабрдида Сайфиддинова Ҳ.А., ҷамъ ба маблағи умумии 1974 сомонию 20 дирам зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Боз ноболиғон Зурбеков Ҷ.А. ва Холиқов М.А., такроран, бо маслиҳати пешакӣ, таърихи 22 июли 2018 сол тақрибан соати 10 00 дақиқа ҳангоми дар суроғаи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Рўдакӣ қарор доштанашон, бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, вориди мағозаи фурўши  либосҳои  занона бо номи “Азиза” гардида, аз он ҷо бо роҳи ниҳонӣ як адад телефони мобилии тамғаи “Ми”, рангаш нуқрагин, ки арзишаш 900 сомониро ташкил дода, ба ҷабрдида Исмоилова Саиднисо Пулодҷоновна тааллуқ доштааст, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Онҳо бо ин кирдори барқасдонаи худ ба ба ҷабрдида Исмоилова С.П., ҷамъ ба маблағи 900 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Боз ноболиғон Зурбеков Ҷ.А. ва Холиқов М.А., такроран, бо маслиҳати пешакӣ, таърихи 22 июли соли 2018 тақрибан соати 11:00 дақиқа, ҳангоми дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, бозори “20-солагӣ” қарор доштанашон, бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, вориди мағозаи фурўши либоси кудакона бо номи “Асалхон” гардида, аз он ҷо бо роҳи ниҳони як адад телефони мобилии тамғаи “Ми”, рангаш сиёҳ, ки арзишаш 1100 сомонӣ буда, дар дохилаш як адад симкорти ширкати “Тселл” дошта, дар суратҳисобаш 5 сомонӣ, як адад флешкорт, ки арзишаш 50 сомониро ташкил медодааст ва ба ҷабрдида Қодирова Фируза Музаффаровна таълуқ доштанд, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Онҳо бо ин кирдори барқасдонаи худ ба ҷабрдида Қодирова Ф.М., ҷамъ ба маблағи умумии 1155 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Боз ноболиғ Зурбеков Ҷаҳонгир Анварович такроран ва ноболиғон Рузиев Худойдод Икромович ва Назаров Сухроб Имомович, бо маслиҳати пешакӣ таърихи 19 августи соли 2018 тахминан соати 0910 дақиқа ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи С.Афродӣ, гузаргоҳи 6 қарор доштанашон, бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии №109 гардида, аз он ҷо бо роҳи пинҳонӣ 1695 сомонӣ маблағи пулии нақд, танга ба миқдори 100(сад) сомонӣ, ки ба ҷабрдида Ишанқулов Шокирҷон Муродуллоевич таълуқ доштанд, инчунин 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-7», ки арзишаш 300 (сесад) сомонӣ, як адад чахоли телефони мобилии мазкур, ки арзишаш 20 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-галакси-3», ки арзишаш 350 сомониро ташкил медиҳад ва ба шаҳрванд Ишанқулов Б.Ш., тааллуқ доштанд, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа онҳо бо ин кирдори барқасдонаи худ ба ҷабрдида Ишанқулов Ш.М., ҷамъ ба маблағи умумии 1795 сомонӣ ва ба ҷабрдида Ишанқулов Б.Ш., ҷамъ ба маблағи умумии 670 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидаанд.

Суди марҳилаи якум ҳукми дар боло зикршударо баровардааст.

Намояндаи қонунии маҳкумшудаи ноболиғ Зурбеков Ҷ.А.- Баратова З.И.,бо ин ҳукм розӣ нашуда, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ оварда, хоҳиш намудааст, ки ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 29.03.2019 сол нисбати ноболиғ Зурбеков Ҷ.А., бинобар вазнин будани ҷазои таъингардида  тағйир дода шуда, нисбаташ ҷазои сабуктари ғайриҳабсӣ таъин карда шавад.

Маводҳои парвандаи ҷиноятиро  муҳокима намуда, ваҷҳҳои дар шикояти кассатсионӣ овардашударо мавриди санҷиш қарор дода, коллегияи судӣ бо асосҳои кофӣ ва бо дастрасии сархати 1 моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард, ки ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 29 марти соли 2019 нисбати ноболиғ Зурбеков Ҷаҳонгир Анварович бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағйир, шикояти кассатсионии намояндаи маҳкумшудаи ноболиқ Зурбеков Ҷ.А.- Баратова З.И., беканоат мононда шавад.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе