Таъиноти коллегияи судӣ аз рӯи шикояти кассатсионии ҷабрдида Исаева Л.С.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати Раисикунанда Абдулғанизода А., судяҳои суди шаҳри Душанбе Нарзуллозода Ш. ва Юсуфзода М.Ф., парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикояти кассатсионии ҷабрдида Исаева Л.С. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 04 апрели соли 2019-ро, ки бо он:

Амакиев Рустамбек Кулобиевич, рӯзи таваллудаш – 22.05.1982 сол, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, қаблан суд нашудааст, бе ҳизб, муваққатан бекор, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ, бинои 15 “б”, ҳуҷраи 17,

  • бо моддаи 212 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 150 (яксаду панҷох) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 8250 (ҳашт ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ба мўҳлати 1 (як) сол ҷазо таъин карда шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Суди марҳилаи якум Амакиев Рустамбек Кулобиевичро барои он гунаҳгор дониста маҳкум намудааст, ки номбурда таърихи 03 январи соли 2019, наздикии соатҳои 1130 дақиқа, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, автомашинаи тамғаи «Газ-3110», рақами қайди давлагиаш TJ 93-01 ЕС 01-ро, ки дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошт, идора карда истода, бо роҳи аз рўи нақша рости сатҳи болояш мумфарш ва хушки кӯчаи Н.Қарабоев, аз тарафи кӯчаи Мушфиқӣ ба самти кӯчаи С.Шерозии шахри Душанбе бо суръати 15-20 км/соат, бордор ва бе мусофир харакат менамуд. Ҳангоми ҳаракат ва вақти расидан дар кунҷи бинои №4-и кӯчаи Н.Қарабоев, ӯ талаботи банди 130-и Қоидаҳои харакат дар роҳро дағалона вайрон намудааст, ки мувофиқи он: “Ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракатро, ки дар бандҳои 132 ва 133 ҳамин Қоидаҳо муқаррар шудааст ва талаботи воситаи техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва барои интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат таъсир мерасонад, ба эътибор гирад. Дар ин ҳолат шабона ва ё ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ӯ воситаи нақлиётро дар ҳудуди дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат боздошта тавонад. Чораҳоро барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад». Ин ҳолатҳоро иҷро накарда, ронанда Амакиев Р.К., ҳангоми рондани автомобил беэҳтиётӣ ва худбоварӣ зоҳир намуда, пиёдагард Исаева Л.С.-ро, ки роҳи мошингардро аз рост ба чап мегузашт бо қисмати пеши автомашинааш зада аз пой афтонидааст. Бинобар ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаи Исаева Л.С., ҳамоно Амакиев Р.К., ӯро барои расонидани ёрии тиббӣ ба касалхона расонидааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ, таҳти №520 аз 28.01.2019 сол, ҷароҳатҳои дар натиҷаи содиргардидани саддамаи нақлиётӣ бардоштаи Исаева Л., С., ба монандӣ, осеби пушидаи косахона ва майнаи cap, ларзиши майнаи cap ва шикасти пушидаи устухони қулфак аз чап, мансуб ба зарари миёна ба саломатӣ мебошад. Сират ва сифати ҷароҳатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои кунду сахт мумкин дар таърихи 03.01.2019 сол ҳангоми садамаи нақлиётӣ бардошта шудаанд.

Суди марҳилаи якум ҳукми дар боло зикршударо баровардааст.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе бо дастрасии сархати 1 моддаи 371 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин кард, ки ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 04 апрели  соли 2019 нисбати Амакиев Русттамбек Кулобиевич бо моддаи 212 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бетағйир, шикояти кассатсионии ҷабрдида Исаева.Л.С., беканоат мононда шавад.

Коллегияи судӣ оид ба парвадаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе