Таъиноти коллегияи судӣ аз рўи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Мирзоҷонов Ҳ.К. нисбат ба ҳукми суди н. Шоҳмансури ш. Душанбе аз 21.02.2019 сол.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Бобохонзода Асомуддин, судяҳо Саидшозода З. ва Мусобекзода Т.М. бо парвандаи ҷиноятӣ аз рўи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Мирзоҷонов Ҳ.К. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 21.02.2019 сол, ки бо он:

Мирзоҷонов Ҳамидулло Камолиддинович 9-уми августи 1989 соли таваллудаш, зодаи шаҳри Душанбе, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ узбек, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби ду фарзанд, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст, аъзои ягон ҳизб нест, уҳдадори ҳарбӣ мебошад, ҷои истиқоматаш шаҳри Душанбе, кўчаи Назаршоев хонаи 172,

дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 237 қисми 3 банди “а”-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста, ба ў  бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзўр, таъин карда шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Суди марҳилаи якум Мирзоҷонов Ҳ.К-ро барои он гунаҳгор дониста маҳкум намудааст, ки ў, таърихи 21 декабри соли 2018 тахминан соатҳои 19:30 дақиқа, дар суроғаи шаҳри Душанбе ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Назаршоев бо ҳамсояашон Қодирова Шаҳноза ва бародари номбурда ноболиғ Қодиров Муҳаммадали аз ҳисиёти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтироми нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад, ҷангу ҷанҷол намуда якдигарро дашномҳои қабеҳ кардаанд. Сипас Мирзоҷонов Ҳамидулло Камолиддинович ба манзили истиқоматиашон рафта аз онҷо як адад турбаи оҳанинро бо худ гирифта омада, бо мақсади расонидани зарар ба саломатии ноболиғ Қодиров Муҳаммадали дар рўи номбурда якчанд маротиба задааст, ки дар натиҷа ноболиғ Қодиров М.С., ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ин ҳолатро дида Қодирова Шаҳноза барои кўмак кардан ба бародараш Муҳаммадали ба назди номбурда рафтааст. Мирзоҷонов Ҳ.К. кирдорҳои авбошонаи худро давом дода бо воситаи турбаи оҳанини дар дасташ буда, Қодирова Шаҳнозаро низ задааст. Аз садои баланди ҷанҷол ҳамсояҳо ва сокинони дар онҷо қарор дошта ҳамма ҷамъ шуда, ҷангу ҷангҷолро халос кардаанд. Мирзоҷонов Ҳ. бо ин кирдорҳои авбошонааш тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-50 дақиқа дағалона вайрон намуда, оромии сокинони гирду атрофро пурра халалдор карда, ба саломатии шаҳрвандон Қодирова Ш.С. ва Қодиров М.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси суди-тиббӣ таҳти №223 аз  07 январи соли 2019 ҷароҳати ҷисмонии бадани ноболиғ Қодиров М.С., ин дар намуди шикати пӯшидаи қисми манаҳи ҷоғи поён аз чап ва қисми тана аз рост, захми латхурда ва хунмосҳо алоқаманди ба зарари миёна ба саломатӣ мансуб мебошанд.

Мутобиқи хулосаи ташхиси судди-тибӣ таҳти №224 аз 07 январи соли 2019 ҷароҳати ҷисмонии бадани Қодирова Ш.С., ин дар намуди осеби пӯшидаи косахона ва майнаи сарларзиши майнаи сар, захми латхӯрда ва хунмосҳо алоқаманди ба зарари сабук ба саломатӣ мансуб мебошанд.

Суди марҳилаи якум ҳукми дар боло овардашударо баровардаст.

Коллегияи судӣ асосҳои кофӣ барои бекор ё тағйир додани ҳукми суди марҳилаи якум пайдо накарда, бо дастрасии сархати 1 моддаи 371 КМҶ Ҷумхурии Тоҷикистон, таъин кард, ки ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 21.02.2019 сол нисбати Мирзоҷонов Ҳамидулло Камолиддинович бетағйир ва шикояти кассатсионии маҳкумшуда  Мирзоҷонов Ҳамидулло Камолиддинович беқаноат гузошта шавад.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии судӣ шаҳри Душанбе