Қарори кассатсионӣ аз рўи шикояти кассатсионии ҷавобгар Мамадбеков Ҳотамбек

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе дар ҳайати Раисикунанда Қурбониён А.Н., судяҳо Абдуллозода Г. ва Н. Асадулло, парвандаи гражданиро аз рўи шикояти кассатсионии ҷавобгар Мамадбеков Ҳотамбек нисбат ба ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2019, ки бо он:

Даъвои филиали №13 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбати Мамадбеков Ҳотамбек ва Гадоева Хиробон Раҷабалиевна дар бораи эътироф намудани соҳибмулкӣ нисбат ба манзили истиқоматӣ, кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ ва ситонидани хароҷоти судӣ дар намуди боҷи давлатӣ сурат гирифта қонеъ карда шудааст.

Филиали №13 Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳибмулки манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, бинои №265/3, хонаи №3 эътироф карда шудааст.

Мамадбеков Ҳотамбек ва Гадоева Хиробон Раҷабалиевна бо тамоми аъзоёни оилаашон аз манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, бинои №265/3, хонаи №3 бе додани дигар манзили истиқоматӣ кӯчонида шудаанд.

Аз ҳисоби ҷавобгар Мамадбеков Ҳотамбек хароҷоти судӣ сурат гирифта ба андозаи сад сомонӣ ба манфиати филиали №13 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ ситонида шудааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Даъвогар филиали Амонатбонк дар ноҳияиРӯдакӣ нисбати Мамадбеков Ҳотамбек, бо даъвои дар боло қайдшуда ба суд муроҷиат намуда, бо мавҷудияти ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2017 ситонидани маблағи қарз ва фоизҳои он дар ҳаҷми 216595,80 (дусаду шонздаҳ ҳазору панҷсаду наваду панҷ сомонию ҳаштод дирам) аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда — манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, бинои №265/3, хонаи№3 ва ду маротиба дар савдои оммавӣ — рӯзҳои 15 октябри соли 2018 ва 26 ноябри соли 2018 барпонагардида эълон шудани музояда дар ин асос аз ҷониби бонк қабул кардани амволи гарав, аз суд хоҳиш намудааст, ки филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рўдакӣ соҳибмулки амволи ба гаравгузошташуда — манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, бинои №265/3, хонаи №3 эътироф карда шавад.

Ҷавобгар Мамадбеков Ҳотамбек ва Гадоева Хиробон Раҷабалиевна бо тамоми аъзоёни оилаашон аз манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, бинои №265/3, хонаи №3 бе додани дигар манзил кӯчонида шаванд.

Хароҷоти судӣ дар намуди боҷи давлатӣ суратгирифта ба андозаи сад сомонӣ аз ҳисоби ҷавобгар Мамадбеков Ҳотамбек ба манфиати филиали Амонатбонк дар ноҳияи Рўдакӣ ситонида шавад.

Суди марҳилаи якум ҳалномаи дар боло зикршударо баровардааст.

Бо ҳалномаи судии номбурда ҷавобгар Мамадбеков Ҳотамбек розӣ нашуда, шикояти кассатсионӣ оварда пурсидааст, ки ҳалномаи суди марҳилаи якум бекор карда шуда, парванда барои баррасии нави судӣ ба ҳамон суд дар ҳайати дигар ирсол карда шавад.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе бо дастрасии моддаҳои 349, 350 қисми 1 сархати 1, 355-356 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2019, вобаста бо парвандаи гражданӣ бо даъвои филиали №13 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбати Мамадбеков Ҳотамбек ва Гадоева Хиробон Раҷабалиевна дар бораи эътироф намудани соҳибмулкӣ нисбат ба амволи ба гаравгузошташуда, кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзили истиқоматӣ ва ситонидани хароҷоти судӣ дар намуди боҷи давлатӣ суратгирифта бетағйир, шикояти кассатсионии ҷавобгар Мамадбеков Ҳотамбек беқаноат мононда шавад.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе