Таъиноти коллегияи судӣ аз рўи шикояти кассатсионӣ адвокат Латипов У. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 01 апрели соли 2019

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Азизматзода Х. судяҳо Юсуфзода М. ва Мусобекзода Т.М. парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикояти кассатсионӣ ҳимоятгар Латипов У-ро нисбат ба ҳукми суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 01 апрели соли 2019-ро, ки бо он:

Қодиров Толибшо Саидхонович, рӯзи таваллудаш 16.12.1996 сол, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ховалинг, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи махсус, қаблан суд шудааст, бо ҳукми суди ноҳияи Данғара аз 18.10.2017 сол бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда нисбаташ бо моддаи 63 ҷазои ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шудааст, муҷаррад, муваққатан бекор, ҷои истиқоматаш ноҳияи Данғара ҷамоати шаҳраки Данғара кучаи Сино хонаи 16,

дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 4011 ва 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў бо моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол,бо моддаи 3073 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол таъин карда шуда, бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба Қодиров Толибшо Саидхонович ҷазои ниҳоӣ 14 (чордаҳ) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.

Бо ҳамин ҳукм Ҷамшеди Бобохон маҳкум шудааст, ки нисбати ў шикоят ё эътироз пешниҳод нагардидааст, баррасӣ намуда, муайян кард:

Аз тарафи суди марҳилаи якум Қодиров Т.С. барои он гунаҳгор дониста маҳкум шудааст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилоти «Давлати Исломӣ» бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ-террористӣ, ҳамчун ташкилоти экстремистӣ террористӣ эътироф карда шуда, сомонаҳои интернетии он баста шуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиётҳои ин ташкилот манъ карда шудааст.

Судшаванда Қодиров Т.С. тахминан охирҳои моҳи ноябри соли 2015, ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Великий Новгороди Федератсияи Руссия қарор доштанаш бо “Муҳаммад” ном шахси ба тафтишот номаълум шиносои пайдо намуда, бо даъватҳои охирин аъзои ташкилоти терористии ба ном «Давлати исломӣ» гардидааст. Сипас, Қодиров Т.С. бо мақсади мусоидат ва таъмини иштирок худ дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии бо ном «Давлати исломӣ» ва зиёд намудани аъзоёни ин ташкилот моҳи ноябри соли 2015 ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшеди Бобохон роҳу усулҳои пайдо намудани аъзоёни ташкилоти террористии номбурдаро фаҳмонидааст. Ҷамшеди Б. бо тавсияҳои Қодиров Т.С. худро дар барномаи интернетии радиои «Зелло» бо номи мустаори «Alisher979797» ба қайд гирифта, ба гурўҳи “Роҳнамо ба сўи Хилофати Исломӣ” баъдан «Мовароуннаҳр Мовароуннаҳр», ки дар он аъзоёни ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” мақсаду мароми ифротии ин ташкилотро тарғибу ташфиқ намуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ба сафи ташкилоти зикршуда пайвастан ва ё ин ки бо ҳар роҳ ба фаъолияти ин ташкилот мусоидат намуданро даъват мекунанд, пайваст шуда, бо аъзоён ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати Исломӣ” бо номҳои мустаори “Абдураҳмон”, “Шаҳомад” ва “Абу Усома” алоқа барпо намуда, дар мавзўъҳои “Ҳиҷрат”, “ҷиҳоди молӣ” ва ғайра мавзуҳои динӣ ҳамсўҳбат шуда, оиди роҳу усулҳои ба сафи ин ташкилот пайвастанро пурсон шуда, тайёрии худро ҳамчун аъзои ин ташкилот барои иштирок дар “ҷиҳод” изҳор намудааст.

Инчунин Қодиров Т.С. баъди аъзои ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” шуданаш, тахминан охирҳои моҳи ноябри соли 2015 тавассути саҳифааш дар сомонаи “Однокласники” бо номи мустаори “KaDiRoW- KaDiRoW” шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимов Рамазонро барои ба ҳудуди ташкилоти зикршуда, сафар намудану ҳамчун аъзои фаъоли ин ташкилот дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ бар зиддӣ қувваҳои масаллаҳи Ҷумҳурии Арабии Сурия, яъне дар ҷиҳод иштирок намудан ҷалб намуда, ба охирин тавсия додааст, ки барои амали намудани мақсади ҷиноятии худ шиносномаи хориҷӣ омода намояд.

Рўзи 07.12.2018 сол ҳангоми азназаргузаронии суроғаи интернетии Қодиров Т.С. дар сомонаи интернетии «Одноклассники» муколамаи Қодиров Т. ёфта гирифта шудааст, ки дар он ў Салимов Р.Л-ро барои ба ҳудуди ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» рафтану, дар задухурдҳои мусаллаҳона яъне «ҷиҳод» иштирок намудан даъват намуда, охиринро ҷалб намудааст.

Суди марҳилаи якум ҳукми дар боло овардашударо баровардаст.

Бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 01 апрели соли 2019  нисбати  Қодиров Толибшо Саидхонович бетағйир, шикояти кассатсионии адвокат Латипов У  беқаноат гузошта шавад.

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе