ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ОН

Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш қарор дорад. Истиқлолият ин падидаи давлатдорие мебошад, ки дар фазои он инсон озодона умр ба сар бурда, бо истифода аз ҳуқуқҳои худ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ҳуқуқи ширкат варзиданро дорад.

Вобаста ба таърихи ба даст овардани ин падидаи бузург ҳаминро қайд карданӣ ҳастам, ки дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа дар Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ (русӣ: СССР) ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократӣ ба миён омаданд. Сиёсати ислоҳоти демократӣ ва махусан “ошкорбаёнӣ”, ки аз ҷониби роҳбрияти ҳизби комунистӣ (русӣ: КПСС) ба миён оварда шуд имконият фароҳам овард, ки камбудиҳои сиёсати коммунистии замони шуравӣ оид ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати милли дар ҷумҳуриҳои миллии ИҶШС дар ҷомеа баррасӣ ва муҳокима карда шаванд.

Дар охири солҳои ҳаштодум муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии ҷумҳурӣ барои истиқлолияти Тоҷикистон сар шуд. Санаи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди шуравӣ” (ИҶШС) қабул гардид. Вале ин ҳуҷҷат истиқлолияти комили мамлакатро пурра таъмин карда наметавонист.

Пас аз табадулоти бебарори Кумитаи давлатии вазъи фавқулода, ки комунистони тундрав санаи 19-20 августи соли 1990 дар шаҳри Москва ташкил намуданд, аз нав муборизаи ҷунбишу созмонҳои миллӣ-демократии Тоҷикистон барои истиқлолияти комили Тоҷикистон оид ба баромадан аз Иттиҳоди Шуравӣ авҷ гирифт. Гирдиҳамоиҳои серодам дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои ҷумҳури баргузор мегардиданд ва эълон намудани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб мекарданд. Бо талаби тазоҳукунандагони гирдиҳамоиҳо дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд.

Санаи 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид”, 9 сентябр ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид ва ин санаи таърихӣ ҳамчун иди расмии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар рузи ид мувофиқи Низомнома “Дар бораи байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парчами давлатӣ афрохта мешавад. Бо ташабуси мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва колективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Ҳамасола санаи 9-сентябр парадҳои ҳарби, салюти артилерӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайяннамудаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Дар давоми панҷ соли охир яъне то ҷашни 30 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ инчунин бо дастгирии кулли мардуми шарафманди мамлакатамон як қатор ҳадафҳои дар пешгузоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ободу зебо гардонидани ватани азизамон амалӣ карда шуда, ба василаи сохтмони биноҳои баландошёнаву хуштарҳу замонавӣ поитахти азизамон шаҳри Душанбе ободу зебо гардонида шуд. Бо мақсади амалӣ гардидани ин ҳадафҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи расомон, дизайнерон рамзи “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва тасдиқ карда шуд.

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббиандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон-тоҷ дар заминаи куҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

Қисми поёнии рақами 30 ҳадафҳои стратегии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата агрегати НБО, обпарто ва нақб-ифодагари дастовардҳои назаррасӣ кишварамон мебошанд.

Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбанд.

Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва куҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем истиқлолияти худро ҳифз намоем ва ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем. Зеро Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Поянда бод Истиқлолияти давлатии тоҷикон!

 

 

Корманди дастгоҳи

суди шаҳри Душанбе                                 Ҳукумзода А. А