ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ОМИЛИ САРНАВИШТСОЗ, РАМЗИ ОЗОДӢ, СУЛҲ ВА ҲАМРАЙЪӢ

Дар таърихи ҳар як миллат дер ё зуд воқеаҳои таърихие ба амал меояд, ки дар рушди минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ ва инкишофи рӯзафзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ сарнавиштсоз мегардад. Барои миллати тоҷик, ки тули ҳазорсолаҳо, баъди аз байн рафтани давлати абарқудрати Сомониён аз давлатдории миллӣ  маҳрум монда буд, истиқлолияти давлатӣ воқеан сарнавиштсоз ва муайянкунандаи дурнамои рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Истиқлол ҳамчун рамзи озодӣ, сулҳ ва ҳамрайъӣ беҳтарин наъмат аз ҷониби тамаддуни башарӣ шинохта шудааст. Истиқлолро метавон ба сифати рукни асосии соҳибихтиёрии давлат донист, зеро эътирофу шинохти давлат аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ маҳз аз ин падида сарчашма мегирад. Барои ҳамин дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки замони баҳамназдикшавии қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ҳамгироии иқтисодӣ, азбайнравии хатти сарҳадҳо, эҳтироми падидаи ҳуқуқи инсон, талоши қудратхоҳии ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф, нооромиҳо дар гӯшаю канори ҷаҳон ба ҳисоб меравад, устувории асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ мебошад, нақши бағоят бузург ва калидӣ дорад.

32 сол муқаддам дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон санаи  9 сентябри соли 1991 ҳамчун замони ташаккулёбии давлату давлатдорӣ, фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои муҳими таърихию сиёсӣ ворид гашт. Ин рӯзи фархунда тимсоли сулҳ, ҳамрайъӣ, ваҳдат ва амну осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоии кишвар, пешрафти бемайлони ҷомеа ва арзишҳои нуҳбагонии он, масъулияти ҳар як сокини мамлакат барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва густариши равобити байнифарҳангӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолро ҳамчун шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маънидод кардааст, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад”.

Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат дар тули 32 соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас шарафёб гардид.

Аз ҷумла,

  • пешравии бемайлон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
  • гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ;
  • қабули Конститутсияи миллӣ;
  • таҳкими гунонгунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ дар сатҳи конститутсионӣ;
  • ҷорӣ намудани низоми демократия дар мамлакат:
  • қабули шакли доракунии президентӣ;
  • пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушод;
  • дастгирии табақаҳои ниёзманд ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ;
  • пешниҳод намудани ташаббусҳои муҳимтарин дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ:
  • ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ;
  • татбиқ намудани ҳафадҳои муҳимтарини стратегӣ:
  • даст ёфтан ба истиқлолияти комили энергетикӣ;
  • таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи конститутсионӣ;
  • татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ;
  • эътирофи фарҳанг ва ҷашну анъанаҳои таърихан ташаккулёфтаи миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳайси мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ.
  • Сохтмони иншоотҳои муҳими старатегӣ, ки дар ҷаҳон беназир мебошанд (НБО-и Роғун);
  • Маротибаи дуюм ноил гардидани шаҳри Душанбе ба ҷоизаи “Сулҳ”;
  • Табдил ёфтани кишвари азизамон ба макони баргузории чорабиниҳои муҳташами сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
  • Ба тасвиб расонидани муҳимтарин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо.

Воқеан дастовардҳои истиқолият беназир ва сершумор мебошад.

Истиқлоли давлатӣ рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории тоҷикон, ифтихор аз таъриху фарҳанг,  тарғибгари андешаи миллӣ, натиҷаи заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат, дарки масъулияти баланд барои ҳаёти созанда, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва  ифодакунандаи мақсаду мароми халқи тоҷик аз қадиммулаём ба ҳисоб меравад.

Истиқлоли давлатӣ яке аз омилҳои сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии давлату миллат ва арзиши муҳимтарини тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад.

Бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва тарғибҳои пайвастаю заминагузорандаи он буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кутоҳи таърих ба арсаи сиёсати байналмилаӣ ворид гашта, дар самти дастгирии сулҳ ва амнияти дохилию байналмилалӣ, ёрии байниҳамдигарӣ ба давлатҳои ҳамҷавор, мубориза бо тероризм ва экстремизм, проблемаҳои об ва экология дар сайёраи замин, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гиромидошти таъриху фарҳанг ва арзишҳои нуҳбагонии халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки самараи онро мо дар ҳаёти ҳаррӯза, чашида истодаем.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ  дар мамлакатамон заминаҳои боэътимоди ташкиливу ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар самти тақвият ва густариши минбаъдаи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла  рушди минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, кафолати амалӣ гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва устувории пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯи кор омаданд. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи мақсаднок ва бомароми ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар кишвар шароити мусоиду мувофиқ барои фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа фароҳам оварда шуданд.

Яке аз заминаҳои муҳим ва такондиҳанда дар самти инкишофи фаъолияти бахшҳои мухталифи давлатӣ ва хусусӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба ҳисоб меравад, ки барои ислоҳотонии низоми самараноки ҳокимияти давлатӣ ва сектори хусусӣ қадами наверо гузошт.

Махсусан дар моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани меъёри “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”, далели он мебошад, ки аз ин пас дар байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мувозинат ҷорӣ карда шуда, ҳар кадоми онҳо дар ба амал баровардани ваколатҳои худ мустақил мебошад.

Дар шароити кунунӣ ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон бунёд намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи воқен шаҳрвандӣ мебошад.

Воқеан, пойдории давлату ҷомеа ва бақои он ба ҳифзу гиромидошти истиқлоли давлатӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки Тоҷикистон дар раванди таърихии рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ қарор дорад. Ин раванд тақозо менамояд, ки рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар шароити нави гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба дигар таъмин карда шавад.

Давра ба давра татбиқ гардидани ислоҳоти конститутсионӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ барои расидан ба ҳадаф ва мақсадҳои олии Ҳукумату давлати Тоҷикистон нақши муассири худро мегузорад ва ин ҳама аз истиқлоли комили кишвари маҳбубамон маншаъ мегирад.

Воқеан, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили сарнавиштсоз, тули 32 сол собит намуд, ки он барои мардуми мо беҳтарин неъмат ва гаронтарин сарват ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ баҳри таҳкими минбаъда ва гиромидошти ин неъмати бебаҳо ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳисси масъулияти баланд ва дилу нияти пок заҳмату меҳнат кашида, ватанамонро дӯст дошта, пайваста донишҳои худро такмил дода, онро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифз намояем.

 

Самандари Қаландар

Мушовири суди шаҳри Душанбе