Иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар маҷлиси тантанвӣ.

Дар таърихи 15 ноябри соли 2019 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз намуда, қайд карданд, ки тибқи талаботи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».
IMG_6873.JPGДар маҷлиси тантанавӣ судяҳои Суди Олӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, оромӣ, эҳёи иқтисодиёти фалаҷгашта, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон, баланд бардоштани обрую нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле бузург аст. Ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар масоили об чор маротиба дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ маҳз бо ибтикори Сардори давлат дастгирӣ ёфт. Ташаббуси чорумини даҳсолаи амал «Об барои рушти устувор барои солҳои 2018-2028» ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, аз моҳи марти соли 2018 расман амалӣ шуда истодааст.
Боиси ифтихор аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз Истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфта, дар кишвари азизамон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамаҷониба ҳифз гардида, волоияти қонун ва суботу оромӣ дар кишвар пурра таъмин мебошад.IMG_6886.JPG
Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи зиёдро касб намудааст. Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 160 давлати ҷаҳон расман шинохтаанд ва бо мо муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ доранд.

Суди шаҳри Душанбе