ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ
Ҳамасола бо иштироки кормандони вазорату идораҳои давлатӣ рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар кишвар Рузи дави миллӣ баргузор мегардад. Имсол низ ин чорабинии варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида дар он теъдоди зиёди иштирокчиён бо омодагии хос ба давидан машғул гардиданд.
Дар чорабинии варзишӣ, ки имрӯз – 21 майи соли 2023 бахшида ба рӯзи Дави миллӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар баробари дигар вазорату идораҳо аҳли кормандони суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар ҳайати муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., судяҳои суди шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи судҳои шаҳри Душанбе аз соати 07:00 дақиқа ба дави миллӣ омода гашта, дар он фаъолона иштирок намуданд.
Кормандони суди шаҳри Душанбе бахусус насли ҷавон, дар баробари фаъолияти соҳавӣ ба варзиш ва дар ин замина солимии хеш эътибори чиддӣ зоҳир намуда, мунтазам дар мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Варзиш кафили зебоӣ ва саломатӣ ба ҳисоб рафта барои машғул шудан ба он тамоми шарту шароити мусоид дар кишвар муҳайё буда ҳамасола теъдоди зиёди муассисаҳо ва майдончаҳои варзишӣ барои обу тоби бадан ба истифода дода мешавад.
Давлатқадамов Саидқоим
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе