ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НАМОИШ-ФУРӮШИ ШОҲАСАР «МАСНАВИ МАЪНАВӢ»-И ҶАЛОЛУДДИН БАЛХӢ

Рӯзи 24 июни соли 2022 дар назди  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ намоиш-фурӯши шоҳасари адабиёти классикии тоҷику форс ва ҷаҳон «Маснави маънавӣ»-и Ҷалолиддин Балхӣ ва дигар китобҳои тозанашр баргузор гардид.

Суди шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона мусоидат намуда, дар намоиш-фурӯши мазкур муовинони раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин, Саидзода М., судяҳо ва кормандони дасгоҳи суди шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намудаанд.

Шоҳасари мазкур аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди умумии 10 000 нусха бо тарҳи зебо ва таҳрири нав ба фурӯш гузошта шуд. “Маснави маънавӣ” аз ҷониби Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” дар ду шакл: як матни комил дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд ба нашр расида, пешкаши аҳли завқу маънӣ, дӯстдорону дилбохтагони шеъру адабиёт гардид.

                    

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ