Иштироки кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар семинари омӯзишӣ дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз, 29 марти соли 2019 аз соати 13:50 дақиқа дар асоси нақшаи баргузории семинарҳо  барои кормандони дастгоҳи судҳо дар соли 2019, ки аз ҷониби Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст ва нақшаи дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии ҳармоҳа, ки ҳар ҷумъаи охири моҳ муқаррар шудааст, баргузор гардид. Дар семинари мазкур кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.