Иштироки ҳайати шахсии Суди шаҳри Душанбе дар «Дави миллӣ»

 

Имрӯз ҳайати шахсии суди шаҳри Душанбе бо иштироки раиси суд Зикирзода Л.Х. дар чорабинии умумиҷумҳуриявии «Дави миллӣ», фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва рушди оммавии варзиш миёни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, баргузор шуда, ҳазорон сокинони пойтахт, намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён ва кормандони соҳаҳои гуногун дар он иштирок намуданд.

Ҳайати Суди шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси суд Зикирзода Л.Х. ва бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суд аз масири муайяншуда бо якдилии комил ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ гузаштанд.

Муҳаммади Сафарзод

корманди дастгоҳи суд