Бо ҳукми суд силсиллақаллоб такроран ба 10 соли маҳруми аз озодӣ маҳкум шуд.

Суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Шўҳратзода У. дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои ҳамин суд, парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Алиахмедов Саъди Мираҳмадович 15 марти 1974 рўзи таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Восеъ, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи махсус, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 02 декабри соли 2008, бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ду сол муҳлати санҷишӣ муқаррар таъин карда шуда, боз ў бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 23 июли соли 2010, бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 8 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияии ислоҳии низомаш пурзўр бо мусодираи молу мулк, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин гардидааст, инчунин бо ҳукми суди ноҳияи Ш. Шоҳин аз 07 декабри соли 2016 бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 60000 сомони ба фоидаи давлат таъин гардида, бо датрасии модддаҳои 70 қисми 3 ва 49 қисми 10 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳои ҷарима ба андозаи 1451,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 59010 муқаррар карда шудааст, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, Ҷамоати деҳоти Тугарак, деҳаи Тугарак, дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “а” ва 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 30 майи соли 2019 Алиахмедов Саъди Мираҳмадович дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «а» ва 247 кисми 4 банди «б» Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазоҳои зерин таъин карда шуд:
Бо моддаи 245 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати нуҳ сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи хизматрасонии хўроковорӣ ба муҳлати як сол;
бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати нуҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи хизматрасонии хўрокворӣ ба муҳлати як сол;
Дар асоси қисми 3 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷазоҳои таъингардида нисбати Алиахмедов Саъди Мираҳмадович, қисман зам карда шуда, ба ў ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи хизматрасонии хўроковорӣ ба муҳлати 2 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.
Чораи пешгирӣ нисбати Алиахмедов Саъди Мирахмадовичнигоҳ доштан дар хабс бетағйир мононда шуд.
Аз ҳисоби Алиахмедов Саъди Мирахмадович ба фоидаи намояндаи ҷабрдида Миҳиддинова Гулру Темуровна 83826,98 сомонӣ, ба фоидаи намояндаи ҷабрдида Гулова Латофат Нурахмадовна 30174,10 сомонӣ, ба фоидаи намояндаи ҷабрдида Сайфуллоева Тахмина Ҳабибуллоевна 12024,80 сомонӣ, ба фоидаи намояндаи ҷабрдида Абдуллоева Ҷамолбӣ Гурезовна 21167,6 сомонӣ, ба фоидаи намояндаи ҷабрдида Элова Раъно Шодихоновна 5105,10 сомонӣ, Юнусов Баҳрулло Саидмуродович 9410 сомонӣ ва Нуров Эмомалӣ Раҷабалиевич 82319 сомонӣ рўёнида шуд.
Аризаи даъвогии и.в. прокурори шаҳри Душанбе қонеъ карда шуда, аз ҳисоби судшаванда Алиахмедов Саъди Мираҳмадович зарари расонидашуда ба андозаи 152298,61 (як саду панҷову ду ҳазору дусаду наваду ҳашт) сомонию 61 дирам ба манфиати давлат рўёнида шуд.
Инчунин фаҳмонида дода шуд, ки нисбат ба ҳукм дар муҳлати даҳ шабонарўз, аз лаҳзаи эълони он, тавассути ҳамин суд ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.
Хабари суди шаҳри Душанбе