ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО УСТОДОН ВА ХОНАНДАГОНИ МТМУ №28
Санаи 10 апрели соли ҷорӣ намояндагони суди шаҳри Душанбе аз ҷумла Юсуфзода Қубод ва Муҳамади Сафарзод дар Муассисиаи таълимии миёнаи умумии №28 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи нақша-чорабиниҳое, ки аз ҷониби суди шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст, бо устодон ва хонандагони муассисаи мазкур вохӯрданд.
Дар вохӯрии мазкур кормандони суди шаҳри Душанбе Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандро» таҳлил намуда, дар баромадҳояшон нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарҷ карда, оид ба нақши маориф дар сиёсати давлатӣ ва нуқтаҳои муҳими Паём ибрози ақида намуданд.
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ