ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН

Рӯзи 02 феврали соли 2024, бо иштироки судяҳои суди шаҳри Душанбе Бадалзода Маҳмуд, Назарзода Ховар ва корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Муҳаммади Сафарзод дар  Муассисаи  давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов” тибқи нақшаи муштарак бо ҳайати омӯзгорону донишҷуёни муассиса вохӯрии судманд таҳти  унвони “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили муҳими пояҳои давлатдории миллӣ” ба роҳ монда шуд.

Дар суханрониҳои худ, намояндагони Суди шаҳри Душанбе вобаста ба Паёми соли ҷории  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2024  соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ва мавзуҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ, риояи қонунҳои амалкунанда ибрози назар намуданд.

Қобил ба зикр аст, ки доир гардидани чунин вохӯриҳои судманд дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос заминаи олиро гузошта, яке аз воситаҳои пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

 

Корманди Суди шаҳри Душанбе

Муҳаммад САФАРЗОД