ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТАИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДМТ
Кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Юсуфзода Қубод ва Раҷабализода Ёқуб дар асоси нақша чорабиниҳои суди шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом доданд.
Ҳангоми вохӯрии мазкур номбурдагон вобаста ба дар амал татбиқ намудани як қатор санадҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ» ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» суханронӣ намуданд.
ДАВЛАТҚАДАМЗОД САИДҚОИМ
КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ