ВАРЗИШ РАМЗИ ДӮСТИВУ РАФОҚАТӢ!

Дар робита бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, тавассути қатъномаи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардидани 25-уми май, бо ибтикори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

байни кормандони ҳокимияти судӣ, судҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Суди Олии иқтисодӣ-2024 мусобиқаи дӯстонаи футболи хурд ташкил ва баргузор гардид.

Санаи 24 майи соли 2024 бозиҳои финал баргузор гардида, дар он Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум ва Ҷоми Суди Олии иқтисодӣ-2024, Суди шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва сазовори медал, Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ҷойҳои сеюм ва бо Сипосномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Бознашр аз Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодӣ