Таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи ватандӯстӣ
Мардуми тоҷик аз азал ба раванди таълиму тарбияи кӯдак аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мекарданд.
Маҳз таълиму тарбияи хуби падару модари тоҷик буд, ки дар таърихи миллати тоҷик фарзандони бузург, шуҷоъ, хирадманду хирадпеша ба воя расида, ба халқу миллат хизматҳои фаромӯшнашавандаро анҷом доданд. Натиҷаи таълиму тарбияи дурусти падару модари тоҷик буд, ки чунин нобиғаҳо ба монанди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омада, давлатро аз парокандагӣ ва миллатро аз нестшавӣ наҷот дода, сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон пойдор намуданд.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ин таълиму тарбияи кӯдак ба ҳисоб рафта, онҳо дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.
Қобили зикр аст, ки ояндаи миллату давлат ба таълиму тарбияи кӯдакон ва насли наврас вобаста мебошад. Тарбия ин аз ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷомеа раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ буда, таълим бошад фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, донишомӯзӣ, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ мебошад.
Вобаста ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдак Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз 20 июни соли 2024, таҳти № 2049 дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардида, муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим менамояд.
Қабули Қонуни мазкур дар таҳрири нав аз он далолат медиҳад, ки мо ба арзишҳои ниёгонамон такя карда, аз усулҳои миллии таълиму тарбия истифода намуда, кӯдаконамонро низ бо дарназардошти панду андарзҳои бузургон таълиму тарбия медиҳем. Зеро, ҳаёти инсонӣ нишон медиҳад, ки маҳз шахсиятҳои таълимдидаву тарбияи дуруст гирифта ба камоли бузурги инсонӣ ва зинаи баланди зиндагӣ омада расидаанд. Яъне, таълиму тарбия кафили рушди кӯдак ба шумор меравад. Таълиму тарбияи дуруст имконият медиҳад, ки кӯдак дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ ба воя расад, ба хурду бузург эҳтиром гузорад ва дар зиндагӣ роҳи зистанро бо илму хирад дарёбад.
Масъулият ин дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба дӯшаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Хусусан дар натиҷаи ба воя расонидани кӯдакони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ ва ҷомеа мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои кӯдакон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Зеро, ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад. Тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор аст.
Аз ин рӯ, падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгоронро зарур мебояд, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, пайваста дар талош бошанд, ки кӯдаконро ба роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, анҷоми амалҳои тақдирсоз, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагӣ ҳидоят намуда, онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ба вуҷуд овардани ҳисси меҳнатдӯстиву худшиносии миллӣ таълиму тарбия диҳанд.
Сафаров Ҳикматулло Зувайдиллоевич
Ёқуб Раҷабализода
кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе