РАВАНДИ ЗАБОНОМӮЗӢ АЗ ҶОНИБИ СУДЯҲО ВА КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУД
Ривоҷ ёфтани раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои давру замон ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 160 давлати ҷаҳон дар бахшу самтҳои гуногуни давлатдорӣ робитаҳои мутақобиларо ба роҳ мондааст, ки дар ин асно, донистани забонҳои хориҷӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёму вохӯриҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид бар он менамоянд, ки аҳли ҷомеаи кишвар ба масъалаи мазкур бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳамзамон, қобил ба зикр аст, ки донистани забонҳои хориҷӣ ҳам пешрафти кор ва воситаи ба аснои ҷаҳон муаррифӣ намудани фарҳанг ва тамаддуни бузурги миллатамон мебошад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онро роҳандозӣ намудаанд.
Аз ҷумла, бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба курсҳои забони англисӣ судяҳо ва ба машғулиятҳои оӯзиши забони русӣ кормандони дастгоҳи суд ҷалб шудаанд.
Дарсҳои омӯзишӣ дар толори маҷлисгоҳи суд аз руйи ҷадвал сурат мегирад.
Қобил ба зикр аст, ки дар толори маҷлисгоҳ тамоми шароит барои гузаронидани машғулияти омӯзишӣ, аз ҷумла, таҷҳизотҳои техникӣ, мизу курсӣ фароҳам оварда шуда, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ)-ро, аз худ карда истодаанд.
Муҳаммади САФАРЗОД
корманди дастгоҳи суд