БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МАҶЛИСИ ИДОНА БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз,18 марти соли 2023 дар Суди шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода Мирзоисмон, муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Давлатзода Саидраҳмон,  муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Аввалан  бо сухани табрики Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. ҳозиринро бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  табрик намуда баъдан вобаста ба аҳамияти таърихию фарҳангии ҷашни мазкур суханронӣ намуданд.

Дар давоми маҷлиси тантанавӣ  судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе бо маърӯзаҳо ҷабҳаҳои гунонгуни ҷашни Наврӯзро таҳили намуданд. Аз ҷумла, судяҳо Абдулғанизода А.,  Сафарзода Қ., Насруллозода С.  ва корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қаландар, Муҳамади Сафарзод, Юсуфзода Қубод, Назирмадзода Даврон, Босхонзода Саида  бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар анҷоми ҷамомад Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. бори дигар ҳозиринро ба ин рӯзи муҳими миллӣ табрик намуда, қайд карданд, ки «Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ниёгони мо ба хисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд”.

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ