РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОД
Инак ба қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ гардида, халқи Тоҷикистон ин рӯзро бо тантана ҷашн мегирад. Боиси фараҳмандӣ ва хушбахтӣ аст, ки маҳз 6 ноябр ҳамасола сартосари Ҷумҳурии азизамон ид дорад ва ин санаи бузургро бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он ки бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидааст, хусусияти миллӣ дорад ва дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд.
Конститутсия ин омили муҳими муттаҳидӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва оромӣ дар ҷомеа мебошад. Ба ин муносибат ба тамоми ҳамватанон саломатии бардавом, бахту саодат, зиндагии осуда ва ба кишвари сарсабзи тоҷикон оромии доимиро талаб дорем.
РОҲБАРИЯТИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ