ПРИНСИПИ ТАҶЗИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Таҷзияи ҳокимият – ин назария ва амалияи сиёсӣ — ҳуқуқӣ буда, тибқи он ҳокимияти давлатӣ бояд ба шохаҳои алоҳида ва мустақил аз якдигар: қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим карда шавад.

Андешаҳои сиёсӣ — ҳуқуқии қадим ва асри миёна ба арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла адолат, инсондӯстӣ, озодӣ, баробарии одамон, дахлнопазирии шахсӣ ва ҳуқуқ ба моликият ва дахлнопазирии моликият равона гардидаанд. Бинобар ин, фаъолияти тамоми муҳаққиқон ва соҳибандешагони атиқӣ ба таъмин намудани ҳуқуқҳои табии инсон дар ҷамъият, инчунин озод будани онҳо аз ҳар гуна зуроварӣ равона гардида буд, ки дар маҷмуъ мақсади асосии онҳо барои аз байн бурдани ҳокимияти бемаҳдуд равона гардидааст. Ақидаи тамаддунии юнону римиҳо оид ба таносуби байни ҳуқуқ ва озодӣ, ҳуқуқ ва давлат, ҳуқуқ ва дин, ҳуқуқ ва сиёсат ва ҳуқуқ ва қонун дар ниҳояти кор ба пайдоиш ва рушду инкишофи назарияи таҷзияи ҳокимият, давлати ҳуқуқбунёд ва принсипи волоияти  қонун боис гардидаанд. [1]

Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба мазмуни васеъ ва маҳдуд фаҳмидан мумкин аст. Таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба мазмуни васеи худ таърихи тӯлонӣ дорад. Пайдоиш ва инкишофи ин принсип дар замонҳои пеш аз мелод аллакай сурат гирифта буд. Файласуфи Юнони Қадим Арасту андешаҳои худро оид ба ҳокимияти давлатӣ ва таҷзияи он дар асари худ “Сиёсат” гирд овардааст. Ба ақидаи ӯ давлат дар натиҷаи муттаҳид гардидани ҷомеаи инсонӣ бо мақсади таъмини манфиатҳои умум ташкил гардидааст, ки дорои сохтори роҳбарикунанда ва таъсиррасон мебошад. Дар баробари ин Арасту шакли давлатиро ба “саҳҳеҳ” (монархия, аристократия) ва “носаҳҳеҳ” (тирания ва олигархия) ҷудо менамояд. [2]

Роҳбарияти давлатро бояд шахсе ба зимма гирад, ки мавқеи он дар байни бойҳо ва камбағалон қарор дошта бошад, то ки давлатро бо эътидол идора карда тавонанд. Танҳо ин табқаи одамон метавонанд тартибот, низом ва баробарии ҳамаи қишрҳои ҷомеаро таъмин намуда, ба зуроварии як синф нисбат ба синфи дигар монеа шаванд. [3]

Дар фарқият аз Арасту шакли нисбатан беҳтари идоракунӣ аз ҷониби Полибий он шакл ҳисоб гардидааст, ки махсусияти ҳамаи шаклҳои дигарро дар худ муттаҳид намуда давлатро бо демократия ва аристократия омехта менамояд. Афзалияти ин шакл дар он аст, ки ҳокимият байни консулҳои монархӣ, сенатҳои аристократӣ ва ҷаласаҳои халқии демократӣ тақсим карда шудаанд, инчунин дар баамалбарории ҳокимият дар ҳолати баробарӣ қарор доранд, ки имрӯз он бо номи “боздорӣ ва мувозинат” маълум аст. [4] Аз ин бармеояд, ки Полибий шакли мукаммали таҷзияи ҳокимияти давлатиро пешниҳод менамояд. Андешаи охирин ба нишонаҳои таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ки имрӯз ба мо маълум аст, ҷавобгӯ мебошад. Полибий дар мисоли андешаҳои худ  қонунгузории Ликургро мисол меорад. Мувофиқан, яке аз мисолҳои таърихии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ қонунҳое, ки дар Спарта аз ҷониби Ликург дар асри VIII п.а.м. қабул гардида буданд, баромад карда метавонанд. Ликург сохтори давлатеро бунёд намуда буд, бо ташкили дурусти низоми қонунгузорӣ, сохтор ва фаъолияти давлатӣ тавонист қариб 800 сол арзи ҳастӣ намояд. Ликург вазифаҳои давлатиро дар самтҳои гуногун ба мақомоти махсус вогузор намуда буд, ки ҳар яке аз онҳо дар самти фаъолияти худ мустақил буданд. Ин низомро ҳамчун мазмуни васеи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ номидан мумкин аст.

Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бо мазмуни маҳдуд сарчашмаи худро аз конститутсияҳои Рими Қадим мегирад. Тибқи он мақомоти марказии Рими Қадим ба се шохаи асосӣ: консулҳо, сенатҳо ва комитсияҳо ҷудо гардида буданд. Ҳар яке аз ин шохаҳо самти фаъолияти мустақили худро доштанд, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо ҳуқуқи азхудсозии пурраи ҳокимиятро надошт.

Инчунин, ташаккул ва инкишофи минбаъдаи назарияи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар асари маъруфи олими англис Ҷон Локк бо номи “Ду рисолаи идоракунӣ” инъикоси худро дарёфт, ки номбурда назарияи ҳокимияти давлатиро ба ду шохаи асосӣ коркард намуда буд. Ҷ. Локк андешаи озодии табиии инсонро гузошт, ки он ба инсоният имконияти муттаҳид шуданро тавассути бастани созиш байни якдигар фароҳам меорад. Яъне ба андешаи Ҷ. Локк инсоният аз лаҳзаи таваллуд озод мебошад ва бояд озод зиндагонӣ намояд. Маҳдуд намудани озодии инсонро на аз ҷониби шахсе ё гурӯҳе ва ё давлате манъ менамояд. [5]

Масъалаи назарияи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар  асари олими фаронсавӣ Шарл Луи Монтескиё бо номи “Дар бораи руҳи қонунҳо” низ ба назар мерасад. Монтескиё се навъи ҳокимиятро ҷудо намуда буд: 1) ҳокимияти қонунгузор; 2) ҳокимияти иҷроия, ки баррасикунадаи масъалаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад ва ҳокимияти иҷроияи баррасикунандаи масъалаҳои ҳуқуқии маданӣ (гражданӣ); 3) ҳокимияти судӣ”. [6] Монтескиё ҳангоми дар бораи сохтор ва дастгоҳи давлатӣ андешаронӣ намудан, асосан хусусияти шакли идоракунии Англия ва ҳолати озодии сиёсии англисҳоро таҳлил ва мушоҳида намуда, дар заминаи он ба чунин хулоса меояд, ки: дар он давлате, ки таҷзияи ҳокимияти давлатӣ байни мақоми қонунқабулкунанда, иҷрои онҳоро таъминкунанда ва ҷазодиҳандаи шахсони саркашикунанда мавҷуд набошад ва ё ҳар се шохаи зикргардида муттаҳид гардида, аз ҷониби як шахс идора шаванд ва муаррификунандаи як шохаи асосии давлатӣ бошанд, мавҷудияти озодии сиёсӣ ғайриимкон аст.

Ш.Л. Монтескиё модели нисбатан асосноки ин принсипро коркард намуда буд, ки он ба мустақилӣ ва фаъолияти мувофиқакардашудаи муттақобилаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ асос ёфта, заминаи асосии ин ақидаро боздорӣ ва мувозинати фаъолияти якдигари ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ тавассути бекор намудани қарор ё амали якдигар ташкил медиҳад. Олими амрикоӣ Томас Ҷеферсон андешаи Монтескиёро ҷонибдорӣ намуда навистааст, ки таҷзияи ҳокимият принсипи асосӣ ва аввалини идоракунии дурусти давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки маҳз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, риоя гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмин гардидани адолат ба ҳисоб меравад. Т. Ҷеферсон ба он назар буд, ки ҳокимияти давлатӣ ба иҷроия ва судӣ тақсим гардида, ҳокимияти қонунгузор на ҳамчун шохаи алоҳида, балки ба институтҳои гуногун ҷудо карда шавад, ки дар ҳаҷми муайян салоҳияти ҳокимиятӣ дошта бошанд ва имконияти аз ҳадди он баромадан вуҷуд надошта бошад. [7]

Яке аз давлатҳое, ки дар низоми давлатдории он имрӯз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба таври пурра амал менамояд, ин Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Агар таърихи пайдоиши принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро дар мисоли таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намоем, пас маълум мегардад, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 14 давлати дигар аъзои он ба ҳисоб мерафт, амали ин принсип умуман ба назар намерасид. Дар он замон, ки аслан  бунёди сохтори давлатӣ дар заминаи андешаҳои К. Маркс ва Ф. Энгелс асос меёфт, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун як шакли соддаи тақсим намудани фаъолияти меҳнатӣ дар механизми давлат ҳисобида шуда, ягонагии ҳокимияти давлатӣ дастгирӣ меёфт [8] ва амали он дар ин давлат ба назар намерасид.

Аввалин маротиба дар Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон, ки санаи 24 августи соли 1990 қабул гардидааст қайд карда шудааст, ки ҳокимияти давлатӣ бояд аз ҷониби мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда шавад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ санаи 9 сентябри соли 1991 масъалаи ба роҳ мондани ислоҳоти қонунгузорӣ ба миён омад. Бо ҳамин мақсад санаи 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба таври расмӣ инъикоси худро дар он дарёфт. Мутобиқи муқаррароти моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Ин ифодагари он аст, ки аз ҳамин лаҳза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай амали принсипи таҷзияи ҳокимият хусусияти конститутсиониро соҳиб гардида, дар заминаи он ташкил ва фаъолияти ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Принсипи таҷзияи ҳокимият дар замони имрӯза яке аз принсипҳои конститутсионии ҳамаи давлатҳои демократӣ, кафили амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Хулоса, гуфтан мумкин аст, ки назарияи таҷзияи ҳокимият бунёд намудани мақомоти мустақили давлатиро талаб мекунад, ки амаликунандаи фаъолияти қонунгузорӣ, иҷроиявӣ ва судии давлат буда, барои ба иҷро расонидани вазифа ва функсияҳои давлат, таъмини инкишофи ҷомеаи демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидаанд. Мақсади асосии роҳандозӣ гардидани ин принсип дар он аст, ки ҳокимияти давлатӣ набояд ба як ашхос ва ё як мақомоти давлатӣ тааллуқ дошта бошад, зеро ин ҳолатҳо метавонанд ба пайдоиш  ва ташаккул ёфтани реҷаҳои тоталитарӣ ва авторитарӣ асос гарданд.

 

                                      Сафаров Ҳикматилло Зувайдиллоевич

                                               Корманди дастгоҳи суд