НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Чумхурии Тоҷикистондар дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардидааст.
Бояд  қайд кард, ки он аз лиҳози моҳияти худ ба эъломияи  истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар эъломияи  давлатеро  бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас иҷлосияи XVI Шӯрои Оли дар шаҳри Хуҷанд ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобуди берун кашид.
Бо таъбири Президенти кишвар Ҷаноби Оли Эмомалӣ Рахмон «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърихи на танҳо тифли дар гавҳора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Точикистои соҳибистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ва арзишҳои волои инсони ҳидоят намуд»
Бояд тазаккур дод, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбари ба ҷомеаи тоҷиконро дод, ҳамзамон ба души ӯ вазифаи мураккаб, вале мукаддаси бунёди давлати воқеъан соҳибистиқлол ва демократӣ вогузошт.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуда, ки мебоист на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷиконро тармим кунад, балки сохтмони онро бар пояҳои устувору қавии сифатан нав барпо намояд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён кард:
«Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳама фирориён ба ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам»
Баъдтар Ӯ ин андешаи худро тақвият бахшида таъкид намуд « Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои он ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меояд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин  арзиш ҳисоб меёбад»
Моҳи октябри соли 1992 пас аз вохўрӣ бонерўҳои халқӣ, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд. Ин қарорро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.
Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
Маҳз дар таърихи 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар қасри хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхўҷаев  баргузор гардида,  он сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд.
Боз як воқеаи муҳиме, ки дар ҷараёни иҷлосия шуда гузашт, ин ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Шўрои Олӣ интихоб шудани Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кўлоб  Эмомалӣ  Раҳмон мебошад. Аз 197 нафар вакил 186 нафар номзадии Эмомалӣ  Раҳмонро дастгирӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, дар таърихи миллат ва давлатдории навини тоҷик сарнавиштсоз бурдани Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад, ки ба вазифаи сарвари давлат интихоб шудани вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.
Ҳанўз дар лаҳзаҳои хассоси Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба катъият изҳор намуда буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Таҳти раёсати Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия XVI як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.
Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ,  пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурўҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъоли муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардўстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои   мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида намешаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.
Санад муҳими қабулгардида ва қабули Қонун «Дар бораи гурезаҳо», ки дар қарорҳои Иҷлосияи таърихӣ қабул гардида буданд  ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд, бори дигар собит сохтанд, ки роҳбарияти нави ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи  аввалиндараҷаи худ медонанд.
Дар  Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кўтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомўш намояд, сохтори фалаҷгардидаи  ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта,  Артиши Миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари худро пайдо намуд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.
Дар як муддати кўтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва сохти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандўст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурўъ намуд ва барои мустаҳкам намудани  сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешид.
Бояд қайд кард, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо дар шароити орому пешравӣ не, балки дар мамлакати ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба сари қудрат омада мисли дигар сарварони сиёсии собиқ ҷумҳуриҳои шўравӣ дар мансабу вазифаҳои баланди ҳизбию давлатӣ кор накарда буданд, зеро сиёсатмадори ҷавон буданд. Вале ба арсаи сиёсӣ бо ҷасорат, матонат, дилу нияти пок ворид шуд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кўтоҳи таърихӣ тавонист мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро  сарҷамъ намуда, барномаи дар ҷаҳони муосир беназири расидан ба сулҳ ва ризоияти миллиро таҳия ва амалӣ кунанд.
Бо туфайли Иҷлосия-16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон дар иқлими сиёсии Тоҷикистон беистисно тағйироти куллӣ ба амал омад. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати  бародаркуш халос шуда, бо роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус доданд.
Дар таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик давраи нави гузариш оғоз ёфт. Вакилони мардумӣ камолоти сиёсии худро нишон дода, дар вазифаҳои худ  бомасъулият ва дурандешона  амал намуда, барои ҳалли муаммоҳои сиёсию  иҷтимоӣ ва иқтисодиву  маънавӣ дар кишвар тамоми донишу таҷрибаи худро равона сохтанд. Дар муддати кўтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш карда шуд, барои амалӣ намудани барномаҳои муҳими иқтисодӣ, сохтмонҳои бузурги аҳамияти бйналмилалидошта шароит фароҳам овард, гузаронидани маъракаҳои муҳими ҷаъиятию сиёсиро имконпазир сохт, боиси Ваҳдати воқеии халқҳои Тоҷикистон гардид, ки мисоли равшани он бо сарварии Президенти кишвар таъсисёбии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
Зимнан бояд гуфт, ки иҷрои бомувафаққияти Аҳдномаи имзокардаи мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷрибаи аввалин аст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданд: «Маҳз ба шарофати ин рўйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунйдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Иҷлосияи XVI  Шўрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва, мо, маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Дар ҳақиқат, Иҷлосияи таърихӣ барои миллати тоҷик, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанг наҷот бахшида, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл  намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ пояи мустаҳкам гузошт.
Хулоса, ин ки иҷлосияи XVI-уми Шурои олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун воқеаи бузурги сиёси мақоми махсусро ишғол менамояд. Дар замони фоҷиабори мамлакат ва фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдории он халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавасути вакилони худ дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз бурҳони амиқи сиёсӣ баровардани мамлакат, наҷот додани он аз фалокати миллӣ ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқууқии ҷомеа асос гузошт.
Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иқдомҳои муҳими давлатиро ба анҷом расонд:
1. Роҳбарияи навъи сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ ва сарвари давлат интихоб намуд:
2. Сохтори конститутсионӣ, ҳокимияи иҷроия ва судиро дар мамлакат бар қарор кард:
3. Хатари пош хурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пароканда шудани миллатро пешгири намуд:
4. Мавқеъи сиёсии байналмиллалӣ ва сиёсати хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаян намуда, барои ҳамкори муфид бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилали роҳ кушод.
Бо шарофати роҳи муаяннамудаи Иҷлосияи тақдирсос халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеъаи ҷаҳони таъмини озодӣ, ҳифз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, эъмори ҷомеъаи навин, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ҳадафи асоси худ қарор дод.
Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии тоҷикистон ба тавлиди сохтори навини давлат истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, таъмини амнияти кишвар, гуногунандешӣ, бисёрҳизби, ҳаракати ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон ибтидо гузошт.
Дар ин ҷабҳа комёбиҳои бисту ҳашт солаи сипари шуда баъди иҷлосия гувоҳи медиҳад.
1. Бо назардошти дастовардҳои бузурги ҷомеа ва ислоҳотҳои куллии сиёсии, иқтисоди ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба риояи меёрҳои ҳуқуқи байналмиллали нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути райъпурсии умумихалқи қабул гардид. Дар асоси Конститутсияи нав барои таҷзияи рукнҳои давлат, ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона силоҳоти судии-ҳуқуқи ва волоияти қонун фароҳам омад.
2. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи халқ Тоҷикистон, ибтикори Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдории давлатҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ созишномаи умумии истиқрори суз ва ризояти миллӣ дар Тоҷикитсон ба имзо расид, ҷанги шаҳрванди хотима ёфт, садҳо ҳазор гурезаҳо ба Ватан баргашта, ба кор ва зиндагии осоишта шурӯъ намуданд. Таҷрибаи сулҳу ризояти милли Тоҷикистон ҳамчун падидаи нодир дар сиёсати ҷаҳони ва ҳаётӣ ҳуқуқию сиёсӣ эътироф шуд.
Юсуфзода Қубод
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Дуашнбе