МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СУД ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи касбии кормандони суд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлиси мазкурро Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х.  кушода эълон карда ҳозиринро ба рӯзи касбиашон табрик намуд.

Дар аввали маҷлиси мазкур роҳбарияти суди шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ бо мақсади тарбияи дурусти кадрҳо, баланд бардоштани руҳияи кормандон , ба хусус ҷавонон вобаста ба иҷрои содиқонаю поквиҷдононаи вазифаҳои хизматӣ, бо назардошти иҷрои банди 9-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025, мутоибқи талаботи моддаи 88 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони дастгоҳи суд бо ифтихорнома ва унвонҳои дараҷавии ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шуданд.

Дар давоми маҷлиси суди кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Муҳамади Сафарзод дар мавзуи “Таърихи ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Абдулхайрзода Ҷамила “Ҳокимияти судӣ; Нақш ва мавқеи он дар таҳкими давлатдории миллӣ” ва Самандари Қаландар дар мавзӯи “Муҳтавои барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

 

КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМЗОД САИДҚОИМ