МАҶЛИСИ НАВБАТИИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, соати 13:00 дақиқа маҷлиси навбатии суди шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат, Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Лоиқ Хурсандқул, муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Давлатзода Саидраҳмон, муовинони раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Маҷлиси навбатии суди шаҳри Душанбе вобаста ба таъин шудани Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Лоиқ Хурсандқул ва судяҳои навтаъин Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон ва Нурзода Сайвалӣ баргузор гардида, аз ҷониби муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Луфтуллозода Шавкат, Раиси суд ва судяҳои нав таъин бо кормандони суди шаҳри Душанбе шинос гардиданд.

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ