МАҶЛИСИ ҒАЙРИНАВБАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 15 ноябри соли 2023 дар толори суди шаҳри Душанбе маҷлиси ғайринавбатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Зикирзода Лоиқ, муовини якум Давлатзода Саидраҳмон, муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе ва инчунин намояндаи СОИ ҶТ, сардори Раёсати ташкили кор, корҳои махсус ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аввалан  Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Лоиқ хозиринро бахшида ба ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, вобаста ба ин ҷашни бузурги таърихӣ ва шахсияти мондагор суханронӣ намудаанд. Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ судяи суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А. ва намояндаи СОИ ҶТ, сардори Раёсати ташкили кор, корҳои махсус ва ҷамъбасти амалияи судии Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорзода Зуҳуриддин вобаста ба ҷабҳаҳои муҳими ҷашни мазкур баромад намуданд.

Дар қисмати хотимавии маҷлиси тантанавӣ намояндаи СОИ ҶТ Асрорзода З., Раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Лоиқ ва судяи суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода Абдулмонеъро аз номи роҳбарияти СОИ ҶТ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуда, баҳри тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди шаҳри Душанбе ибрози андеша намуданд.

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ