Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид

Рӯзи 3 ноябри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва қабул намуданд.

Зимни баррасии ин масъала масъулини соҳа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин ва раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб, Насиба Содиқӣ,  Сумангул Тағойзода, Амонулло Хайрулло, Рустам Латифзода, Рустами Шоҳмурод, вакилони мардумӣ Сайҷаъфар Усмонзода, Рустам Қудратов, иброз намуданд, ки лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

            Дар лоиҳа теъдоди умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳидгардонии андоз аз воситаи нақлиёт бо андоз аз молу мулк, инчунин андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шудааст.
           Ҷиҳати мукаммалгардонии маъмурикунонии андоз принсипҳои андозбандӣ, субъектҳои муносибати андозӣ, танзими канорагирӣ аз андозбандӣ ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андоз, мониторинги андоз, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои андоз, хусусияти андозбандии даромади бахшҳои алоҳида, нархгузории трансфертӣ, бобҳо ва моддаҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд намудани музди меҳнат, инчунин таъмини шаффофият дар ин раванд, ҳадди даромади андозбанди нашаванда шахсони воқеӣ барои ҳар моҳи тақвимӣ аз як нишондиҳанда то ба ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.