КИТОБ РОҲНАМОИ РОҲИ ХИРАД АСТ

Беҳтарин сармоя ва ганҷи бебаҳо, рафиқи роҳнамо ва калиди илмҳо, даркушои ҳамаи гиреҳҳо, фурузонии ақлу хирад, равшании қалбу ҷавшани тан, чароғи рӯзгору сутуни зиндагии босаодат, дастоварду маслиҳатгари беҳтарин мар зоти инсонро китоб аст.

Китоб вожаи арабӣ буда, дар он навиштаҷотҳо дарҷ гардидааст. Китоб аслиҳаи пурзӯрест бар зидди нодониву гумроҳӣ ва маҳзани илму хирад аст. Китоб мисоли дарёи Нил аст, ки ташнагон метавонанд аз он худро сероб кунанд, афсурдарӯҳон шодмонӣ гиранд, дардмандон асрори шифои синаи бирёну дидаи гирёни худро дарёбанд. Китоб обест, ки зангҳои ақлу қалбро мешӯяд ва оромишеро дар руҳу тан ба вуҷуд меоварад. Китоб муъҷизаест, ки мӯҷиби поксозии хӯйи одамиён мегардад ва оинаест, ки хатову каҷро нишон ва баҳри баратарафсозӣ маслиҳат медиҳад. Китоб ғизоест, ки ақлу тан аз он маъво мегирад ва воситаест, ки одамиро ба дунёи нуру гуҳар ва зиндагии пур аз баракоту хайр васл месозад.

Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки қайд мекунанд, ки “Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”.

Китоб дунёи асрорҳои сарбаста, дарбаргирандаи давоҳои дардҳо, раҳоии мушкилиҳо мебошад. Китоб мероси бузургону зумра бохирадони аҳли башарист ва забони ҳамеша дар гуфтор ҷории пандгуён аст ва осори абад ул боқист. Китоб дӯстест беминнат, бахшандаи донишу фаҳмиш мар ҷумла зоти одамиро. Китоб лафзи оқилону орифон, саодатмандони дунёст. Аз ин ҷост, ки бузургон беҳтар зи китоб ёре нахондаанду ганҷеро ба он баробар надонистаанд.

Агар бо нигоҳи таҳлил ба зиндагии саодатмандҳо назар афканем маълум менамоем, ки ин бузургиро онҳо ба василаи китобу китобхонӣ дарёфта ва бад он ба ин мақому ҷой омада расиданд. Бале дурусту ҳақ аст, ки китоб роҳест ба роҳи камолоту бузургӣ ва пулест ба дунёи хушрӯзгориву рангини ҳаёти инсонӣ. Китоб дарбаргирандаи панду хирад, илму дониш, суханони дурахшон, маслиҳату роҳнамоиҳо мебошад. Лафзи китоб саршор аз хирдамандиву асрорҳои бузурги зиндагист.

Инсоне, ки бо китоб ошно ҳаст ақидаву гуфтор ва рафтораш ҳамеша дар заминаи талаботи ахлоқу хирад сурат мегирад. Фарқи ӯ аз дигар касон аз замин то бар осмон аст. Ҷаҳонбинии бузург дорад ва ҳам ахлоқи нек. Шахси китобхон соҳиби фаросату фарҳанг, маърифату дониш, илму хирад аст. Ӯ ҳалиму меҳрубон ва дар ҳама ҳол нармгуфтору соддиқ аст. Қалби пур аз ишқу муҳаббат ба дунёи инсонӣ ва одамӣ дорад. Дар қадршиносии мардумон уствор аст. Дар анҷоми вазифа, масъулиятноку масъулиятшинос аст. Хиёнатро дӯст надорад ва аҳли вафокунанда мебошад. Бо ҷумла хубон хубу дар суҳбат бо аблаҳон нармгуфтор аст ва дар ҳама ҳолат собиру дурандеш аст. Ин ҳама хислатҳои наҷиби ӯ аз китобхонист. Пас бешак ҳақ аст, ки китоб инсонро ба қуллаи баландиву бузургӣ ва пеш аз ҳама худшиносӣ оварда мерасонад. Замоне, ки инсон худшинос мегардад дар зиндагӣ ӯ чун инсон мезияд.

Касоне, ки аз китобу китобхонӣ дур ҳастанд ва вақти хештан ба хондани китоб сарф намесозанд, ҷумла дар ҳоли ғафлату танбалӣ, ночориву тирарӯзгорӣ побанд мешаванд. Ва ҳар амали баде, ки ба анҷомаш мепардозанд аз тирагии ақли онҳост. Агар ақли онҳо равшан мебуду ин зишту солеҳиятро дарк мекард ба содири аъмоли разила ҳеҷ вақт даст дароз намекарданд ва ба гузаргоҳи бадкорӣ қадам намениҳоданд.

Китоб ба ақл нуру зиё мебахшад ва ҳам хайру баракот дорад. Зиндагии  инсониро китоб мустаҳкам сохт. Китоб дар пешрафту музафаррият, дар рушди фарҳангу тамаддуни инсоният, дар бавуҷудории техникаву технология нақши басо муҳимро гузошт. Агар ба таври маҷозӣ гуем китоб қувваи бузургест, ки бар тану ҷон, руҳу равон ва ақл қуввату илҳом мебахшад ва фарзанди одамиро ба ҳаёти босаодат ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд кардаанд, ки “Шахсе, ки ба китоб  дил мебандад, ҳаргиз намехоҳад аз китоб дур бошад, хастагиро аз худ мебарорад натанҳо дониш, балки  вақти худро бо хушнудӣ мегузаронад”.

Моро зарур аст, ки дар ҷадвали ҳаррӯзаи зиндагии худ соатеро аз вақти умр ба хондани китоб бахшем то аз лафзи он панду ибрат бигирем ва чун инсони орифу оқил ба бузургӣ бирасем ва бо донишу фарҳанг ва маърифат дар пешрафти ҳаёти хеш, ҷамъият, саҳм бигзорем ва ҳам дигаронро ба хондани китоб ва ҳикмат бардоштан аз он таълим бидиҳем. Китоб калиди қулфи дарвозаи кохи дониш аст ва донишу донишандӯзӣ роҳи бузургист.

Ҷобирзода Сурайё

Судяи Суди шаҳри Душанбе                                                                                                                                                 Аъзамова Фарзона

Корманди дастгоҳи  Суди

шаҳри Душанбе