ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪИН НАМУДАНИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА СУДЯҲО

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

 Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Нурзода Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
18 июли соли 2023
№603