Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад.
Ҷаҳонишавӣ ҳамчун тамоюли объективии ҷомеа маҳсуб ёфта, ба давлатҳои миллӣ таъсири худро дар шаклу сатҳҳои гуногун мерасонад. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун pаванди бебозгаштест, ки даp ин pаванд фазои ягонаи ҳаpбию сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва ахбоpӣ даp заминаи технологияи баланди компютеpӣ ташаккул меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи башарӣ қариб узви аксари созмонҳои фаромарзӣ буда, дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳо ва пешниҳодҳое намуданд, ки ҳалли онҳо барои ҷаҳониён зарур мебошад. Роҳандозӣ намудани сиёсати дарҳои кушод ва тарғиби дустию ҳамдилӣ василаи асосии устувор нигоҳ доштани давлат, таъмини рушд, амният ва суботи он ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мегардад.
Ёдовар шудан зарур аст, ки инсоният баъди шинохти худ оҳиста – оҳиста ба донистани оламу одам таваҷҷуҳи хосса менамояд. Баробар ин, гузаштагони мо дӯстӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва рафиқиро ситоиш карда гуфтаанд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад!
Дар ин мафҳуми орифона маънии хеле баландеро дарёфтан мумкин аст, ки ҳамаи моро ба қимати аслии дӯстӣ, якдилӣ ва муттаҳидӣ ошно месозад. Дар воқеъ миллати тоҷик аз ибтидо бо мардуми олам робитаҳои дӯстӣ дорад. Олимону шоирон ва нависандагони аҷдодии мо маҳз ба воситаи дӯстӣ кишварҳои зиёди оламро сайр намуда, бад ин васила фарҳангу адабиёт моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Ҳамзамон, гуфтан ба маврид аст, ки камолоти миллат ва бахту иқболи он дар ҳамкорӣ ва робитаи дӯстиаш бо мамолики мухталиф боз ҳам бештар мегардад. Зеро маҳз дӯстӣ ба одамон хушбахтӣ меорад. Ҷомеаи кунунии мо аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамдастӣ ниёз дорад, зеро дӯстӣ ба мардуми олам танҳо саодату хушбахтӣ меорад. Бузургони мо дар ин радиф чунин гуфтаанд: “шинонданӣ дарахтӣ дӯстӣ савоб, буда решакан кардани ниҳоли дӯшманӣ сахол аст”. Ҳатто дар бораи дӯстӣ ва меҳмонавозии мардуми тоҷик муҳаққиқони хориҷӣ низ китобҳо таълиф намудаанд, яке аз чунин муаррихон этнограф ва шарқшиносӣ рус Александр Паликарпович Шишов китобе бо номи “Тоҷикон” менависад, ки дар он дар бораи халқи тоҷик чунин гуфтааст: “халқи тоҷик таъриху фарҳангӣ қадима дошта, мардуми меҳмондӯсту меҳмонавоз буда, нисбат ба ҳамсоягони худ назари некбинона доранд”.
Воқеан, дар ҳама давру замон ҳамсояи нек шарофат мебошад. Халқи тоҷик бо халқҳои қирғизу узбек дар тӯли таърих умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ дошта, натанҳо дар ноҳияҳои марзии муносибатҳои хешутаборӣ доранд, балки дар ҳудуди давлатҳои ҳамдигар ақалияти авлодӣ низ ба чашм мерасад. Тавре, ки таърих гувоҳ аст, мардуми тоҷик, қирғиз ва узбек садсолаҳо дар як марзу бум, яъне дар Осиёи Марказӣ сукунат доштанд. Ҳатто муҳаққиқи бузурги қирғиз Чингиз Айматов дар бораи китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров чунин ёдоварӣ намудааст: “Дар китоби тоҷикони Бобоҷон Ғафуров на танҳо дар бораи таърихи халқи тоҷик, балки дар бораи таърихӣ халқиятҳои Осиёи Марказӣ маълумот дода шудааст. Аз ин гуфтаҳои нависандаи қирғиз чунин хулосабарори намуд, ки равобити илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии байни халқиятҳои Осиёи Марказӣ таҳкурсии қадимаро доро мебошад.
Ҳамин тавр, ин риштаҳои дӯсти ин ҳар се миллатро сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз нав эҳё намуданд, ин ҳам бошад саммити сеҷониба мебошад, ки санаи 31-уми марти соли 2025 баргузор доир гардида ва як марҳалаи муҳим ва сифатан нави таърихӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфт. Метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин саммит робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ барои ташаккул ва таҳкими як минтақаи мустаҳкамтар ва дӯстонаи амаликунандаи умумии кишварҳо, ки ба ташаккул додани рушди устувор, амният ва субот нигаронида шудаанд. Ҳамчунин, дар ин радиф бояд гуфт, ки шароити вазъи мураккаб ва пурпечутоби ҷаҳони муосир дӯсти миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон як василаи хуби ҳамкори дар ҳама соҳаҳои мухталиф мебошад. Як нуқтаи дигаро бояд иброз дошт, ки саммити сеҷониба, ки дар он раҳбарони кишварҳо аҳд карданд, ки ҳамкории худро дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ, махсусан дар масъалаи марзӣ ва истифодаи захираҳои табиии минтақа, тақвият бахшанд, як марҳалаи нав дар муносибатҳои онҳоро нишон медиҳад. Бар замми ин, барои беҳтар кардани робитаҳои нақлиётӣ ва иқтисодӣ, сарони роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷумҳурии Узбекистон тасмим гирифтанд, ки боз ҳам парвозҳои мустақими ҳавоии байни кишварҳо хубтару беҳтар ба роҳ монда шуда зеро он ба осон кардани муомилоти тиҷоратӣ ва рушди сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард, ки як нуқтаи амиқи назар барои беҳтар кардани олами тиҷорат ва робитаҳои байниминтақавӣ хоҳад буд. Ҳамчунин дар ин саммит таҳкими ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ҷалби кишварҳои дигар ба ҳамкории умумӣ, ба ғайр аз давлатҳои дохилӣ, барои Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон аҳамияти махсус дорад. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.
Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Рӯйдоди дигари муҳими таърихӣ дар ин вохӯри роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Дар ҳақиқат санаи таърихӣ воқеан як рамзи эҳё ва созиш байни ин кишварҳо буда, онҳо кушиш мекунанд, ки на танҳо муноқишаҳои гузашта ва баҳсҳои марзиро фаромӯш кунанд, балки роҳҳои нав ва устувори ҳамкориро барои рушд, амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо намоянд.
Қурбонализода М.
Судяи суди шахри Душанбе
Акобирова С.
Котиби маҷлиси судии ҳамин суд