ДАР ҲОШИЯИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Пешравии фарзанд, соҳиби илму хирад, донишу заковат ва ахлоқи накӯ шудани ӯ,  маҳз аз раванди таълиму тарбияи падару модар сароғоз мегирад. Ҳар қадаре, ки волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамият зоҳир намуда, ин масъулияти бузурги худро сарбаландона иҷро намоянд, ҳамон қадар натиҷаи бобароро аз фарзанд мегиранд. Зеро фарзанди таълимдидаву тарбиягирифта дорои ахлоқи ҳамида мебошад. Ба арзишҳои инсонӣ ва неъматҳои зиндагӣ арҷи эҳтиром мегузорад. Фикрҳои равшану амалҳои солеҳ дорад. Дар роҳрави зиндагӣ бо андеша қадам мемонад ва танҳо роҳи саодатро пеша мегирад. Падару модар, додару хоҳар ва ҷумла атрофиёнро бо нигоҳи иззат менигарад ва ҳам дар пешрафти ҷамъият саҳмгузор мегардад. Бе шак ҳамаи ин хислатҳои наҷиб маҳз натиҷа ё худ осори таълиму тарбия мебошад.

Бузургонамон беҳуда нагуфтаанд, ки фарзанди хуб боғи падар аст. Оре, фарзанди хуб ҳамеша номбардори волидайн аст. Азизи дидаҳои ҷамъияту маҳбуби қалби наздикон аст. Фарзанди хуб на танҳо ба падару модар барои ҷамъият ҳам фоидавор аст.

Имрӯз ҳама шоирону нависандагон, созандагону бунёдгарон, пешагони роҳи хираду устодони даргаҳи маърифат ва ҷумла бузургон бешак таълимдидаву тарбиягирифтаанд, ки шиорашон дар зиндагӣ чун инсон зистан аст.

Барои фарзанди хуб доштан падару модари хуб шудан амри зарурист. Чун аз гандум гандум ва аз ҷав ҷав бирӯяд, гуфтаанд бузургонамон. Падару модарро зарур аст, ки ба раванди таълиму тарбияи фарзандон муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, маънии ҳастиву дурустии зистанро ба фарзандон омӯзонанд то онҳоро дар дарёфти саодати рӯзгор мувафақ созанд.

Бепарвоӣ нисбат ба тарбияи фарзанд нишон аз бадбахтии фарзанду волидайн аст. Зеро фарзанде, ки аз роҳи таълиму тарбия дур мемонад мисли инсон нахоҳад шуд. Ахлоқаш разилаву амалҳояш ба худу пайвандон ва дар умум ба ҷамъият зиёновар хоҳад буд. Чунин фарзанд доғи падару модар аст.

Падару модар, ки ба вуҷудоварандаи насл яъне фарзандон ҳастанд, дар баробари ин масъуланд, ки фарзандро аз овони хурдсолӣ то ба камоли бузургӣ расидан хуб таълиму тарбия бидиҳанд. Чун фарзанд ба дунё меояд зеҳнаш ҳаммонанди  авроқи сафед пок аст ва бо нигоҳи омӯзишона ба атроф  менигарад ва дар ахлоқаш аз дидаҳову омӯхтаҳо бардоштҳо зам мекунад ва аз ин бардоштҳо фикрониҳои ӯ оғоз гардида, амалҳояш ҳам мутобиқ бад он сурат мегирад. Зи ин рӯ, бояд фарзандро бо дунёи некӣ, ахлоқи ҳамида ва рафтори шоиста доштан ошно намуд то дар ҳаёт ӯ низ хушахлоқу саодатёр бошад ва мо бо чашми сипос бад ӯ нигарем ва ифтихор аз он варзем, ки фарзандро ба камоли дурусти бузургӣ оварда расонидаем.

Боиси нигаронист, ки имрӯзҳо бархе аз падару модарон ба фарзандонашон машғул нагардида, дар рушду ба камол расии онҳо назари ҷиддӣ намеандозанд, ки оқибат фарзанд дар муҳити носозгор ба воя расида, даст ба амалу кирдорҳои бадномкунандаи худу номи волидайн зада, оқибат доғи номи волидайн мегарданд.

Дар ин замина бори дигар қобил ба тазаккур аст, ки мо падару модарон бояд дарк намоем, ки имрӯзу оянда ва оқибати фарзанд аз раванди таълиму тарбияи мо маншаъ мегирад. Аз ин хотир, дар ин ҷода масъулияти худро боз ҳам баланд бардошта, меваҳои боғи худро, ки фарзандонамон мебошанд дар роҳи хештаншиносӣ, илмомӯзӣ, истифодаи дурусти вақт, ватандӯстӣ, иззатшиносии хурду бузург ва саҳмгузорӣ дар пешрафти меҳан таълиму тарбия намоем.

                                                                                     Ҳамидзода Гулниссо

                                                                            Судяи Суди шаҳри Душанбе

                                                                                     Муҳаммади Сафарзод

                    Корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе