CЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ: Таҳлилу омӯзиши санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ

Тибқи  нақшаи машғулиятҳои семинарии Суди Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон имрӯз 25 апрели соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Н.Ҳ. ва кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои  шаҳри Душанбе ва  ноҳияҳои он, судҳои  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва суди ҳарбии гарнизони Душанбе доир гардид.

Дар рафти ҷаласаи омӯзишӣ маърӯзачиён доир ба мазмун ва моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ» «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро ибрози сухан намуданд.

Дар поёни ҷаласа Роҳбари дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Н.Ҳ. диққати ҳозиринро барои риояи Қонунҳои амалкунанда, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ва дар ин замина, эҳтироми ҳуқуқҳои инсону шаҳрванд ҳидоят намуданд.

Муҳаммади Сафарзод

    корманди дастгоҳи суд