Ҷаласаи ҳисоботии Раёсати суди шаҳри Душанбе дар давраи нимсолаи аввали соли 2025

Санаи 4 июли 2025 сол дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳисоботи навбатии Раёсати суди шаҳри Душанбе дар давраи нимсолаи аввали соли 2025 бо иштироки Раиси Раёсат  муҳтарам Зикирзода Л.Х. ва аъзоёни Раёсат доир гардид.

Дар рафти ҷаласаи ҳисоботии Раёсати суди шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш. ва раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиззода З.Н., судяҳои суди шаҳри Душанбе, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ҷаласаи корӣ бо муҳокимаи мавзуҳои муҳими корӣ аз ҷумла, ҷамъбастии фаъолияти кории судяҳои суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои он дар давраи нимсолаи якуми соли 2025, раванди амалишавии нақшаи кории дохилиидоравии суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои он, инчунин роҳандозӣ намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025  бо роҳи қабули Қарори Раёсат доир карда шуд.

Сароғоз ҳисоботи раисони коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди шаҳри Душанбе ва раисони судҳои ноҳияҳои он ба навбат шунида шуд.

Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Лутфуллозода Ш. ва раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиззода З.Н. фаъолияти суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои онро қаноатбахш арзёбӣ намуда, диққати ҳозиринро ба риояи талаботи Конститутсия ва қонунҳо, баррасии саривақтии парвандаҳо ва қабули қарорҳои асосноку қонунӣ ҷалб намуданд.

Дар фароварди ҷаласаи Раёсат Фармоиши Раиси суди шаҳри Душанбе аз 04 июли соли 2025 дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмини иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14.04.2022 сол, таҳти № 178 “Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 — 2026” хонда эълон карда шуд.

Ҳамзамон тибқи Фармоиши раиси суди шаҳри Душанбе дар бораи ҳавасмандгардонӣ аз 26 июни соли 2025 таҳти №3 ба як қатор судяҳои суди шаҳри Душанбе ва судяҳои судҳои ноҳияҳои он сипосномаҳо барои дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва саҳми босазо гузоштан дар таъмини адолати судӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи эҳтироми ба арзишҳои миллӣ, тарғибу ташвиқӣ қонунҳо баҳри беҳтар гардонидани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ бахшида ба рӯзи “Ваҳдати Миллӣ” аз ҷониби муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Лутфуллозода Ш., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азиззода З.Н. ва Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Л.Х. супурда шуд.

     Муҳаммади Сафарзод

                                                                                       Корманди дастгоҳи суд

kore dizileri : asyadiziizle.org türkçe film izlesene : filmizlesene.eu