Иштироки дастаи бозингарони «Суди шаҳри Душанбе» дар мусобиқаи “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҷараёни бозии дастаи футболбозони суди шаҳри Душанбе

Ҷараёни бозии дастаи футболбозони суди шаҳри Душанбе

Имрӯз, 29 апрели соли 2019 дастаи бозингарони «Суди шаҳри Душанбе» дар мусобиқаи “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” оид ба футболи хурд, байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок намуданд.

Дастаи бозингарони суди шаҳри Душанбе дар мусобиқаи футболи хурд кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардидааст, бо дастаи бозингарони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабқат намуданд.

Қайд карда мешавад, ки ҷиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, баҳри пайравинамудани сиёсати Роҳбарияти ҷумҳурӣ, дар самти оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, барои иштирок дар мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе, ҷиҳати дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” дастаи бозингарони «Суди шаҳри Душанбе» бо омодагии ҷиддӣ дар иқдомӣ мазкур ширкат варзида истодаанд.

Хабари суди шаҳри Душанбе