ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪИН ВА ОЗОД НАМУДАНИ СУДЯҲОИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Давлатзода Саидраҳмон Аҳтам аз вазифаи раиси суди ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Абдулғанизода Абдулмонеъ бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Ҳамидзода Гулнисо Ашур бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Ашурмамедова Маърифат Гулбековна бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе Назарзода Ховар Нурмуҳаммад аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Ғиёсиддинзод Самариддин Ҷамолиддин бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Қурбонализода Мунира бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Раҳмонзода Малоҳат Солеҳ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
Бадалзода Маҳмуд Муҳаммадалӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Лахш озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 декабри соли 2022
№479

*Бознашр аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон