Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таҳкими ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:

1. Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Иҷрои Барнома ба зиммаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ гузошта шавад.

3. Назорати иҷрои Барнома ба зиммаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ гузошта шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе             19 апрели соли 2019, № 1242