Семинари омӯзишӣ миёни кормандони дастгоҳи судҳо

Имрӯз 30 майи соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи бинои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишии навбатӣ миёни кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, такмили малакаи касбӣ ва мустаҳкамсозии риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони суд доир шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи омӯзишӣ бо иштироки судяи Суди Олӣ Қамарзода Р., кормандони дастгоҳи Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе  ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ доир карда шуд.

Сароғоз семинарро судяи Суди Олӣ Қамарзода Р. оғоз намуда, аҳамияти омӯзишҳои доимӣ ва нақши онҳо дар таъмини адолатӣ судӣ ва боло бурдани сифати кории кормандони дастгоҳҳои судҳоро таъкид намуд.

Сипас, ба муҳокимаи мавзуъҳои дар рӯзномаи семинар пешбинӣ гардида шурӯъ карда шуд, ки корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Раҳимзода О. бо маърӯзаи муфассал доир ба мавзӯи “Эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ва иҷрои он” баромад намуд.

Дар баромади худ, мавсуф ба таври мушаххас ба масъалаҳои муҳим аз ҷумла, доир ба раванди ба эътибори қонунӣ даромадани ҳукм ибрози назар намуда, доир ба таъмини иҷроиши ҳукмҳо пешниҳоди муфид намуд.

 

                                                                            Муҳаммади Сафарзод

                                              Котиби маҷлиси судӣ