Мурофиаи сайёри судӣ
Муқовимат бо ҷинояткорӣ қисми сиёсати Ҳукумати мамлакатро ташкил медиҳад. Мақомоти судӣ низ дар ростои мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар радифи дигар сохторҳои давлатӣ истодагарӣ намуда, дар ин самт ҳама гуна имконияту шароити мавҷударо дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда амалӣ намуда истодааст.
Гузаронидани мурофиаи сайёри судӣ яке аз роҳҳои маъмултарини муқовимат ба ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Муссаллам аст, ки мурофиаи судии ҷиноятӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ равона шудааст.
Санаи 11 апрели соли 2025 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Бадалзода М.М., судяҳо Қурбонализода М. ва Вализода Т. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ – муассисаи ислоҳии ¾ — и СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди сардори муассисаи ислоҳии 3/7 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди иваз кардани намуди муассисаи ислоҳӣ дар асоси шикояти хусусии маҳкумшуда Б.А.-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Муҳаммади Сафарзод
Корманди дастгоҳи суд