ДИФОИ РИСОЛАИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 11 апрели соли ҷорӣ, дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дифои рисолаи номзадии  корманди Суди шаҳри Душанбе Абдулхайрзода Ҷамила дар мавзуи “Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак”, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат баргузор гардид.

Корманди суди шаҳри Душанбе Абдулхайрзода Ҷамила сарбаландона рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак” дифоъ намуда,  дар шоҳроҳи илм қадамҳои устувори худро гузошт. Намояндагони суди шаҳри Душанбе дар ҷараёни дифои рисолаи номзадӣ иштирок намуда, номбурдаро аз номи роҳбарияти суди шаҳри Душанбе ба ин дастоварди муҳими илмӣ табрику муборакбод намуданд.

Суратгузориш аз ҷараёни дифои рисола