Бо медали «Барои мусоидат» қадрдонӣ гардидани Раиси суд аз ҷониби Вазири корҳои дохилии ҶТ

Имрӯз, 24 феврали соли 2021 бо иштироки Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат, Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовинони Раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе дар толори судии суди шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар оғози маҷлис, сараввал Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Шавкат ҳозиринро ба муносибати таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, дар фаъолияти касбӣ барои пешрафт ва шукуфоии Ватан комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

Дар идома, Муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат медали «Барои мусоидат»-ро, ки Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ. аз 20 феврали соли 2021 раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. бо он сарфароз гардонида шудаанд эълон намуда, дар вазъияти тантанавӣ онро ба раиси суд — Гиёзода М.Қ. супориданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе