Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сафаров Д.К. ва Раупов С.А., ки дар содир намудани куштори ду ҷавондухтар дар ноҳияи Варзоб айбдор карда шудаанд, оғоз гардид.

Рӯзи 10 декабри соли 2020 дар толори судии суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сафаров Донёр Каримович ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич, ки дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в,з,п»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шудаанд, оғоз гардид.

*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе