Баргузории машғулияти омӯзишӣ бо судяҳои суди шаҳри Душанбе

Имрӯз, 17 июни соли 2021 аз соати 16:00 то 17:00 дақиқа дар асоси нақшаи баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ бо судяҳои суди шаҳри Душанбе дар соли 2021 машғулияти омӯзишӣ бо иштироки роҳбарият ва судяҳои суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози баргузории машғулият дар асоси сархати якуми, банди 1 нақшаи мазкур сараввал судяи суди шаҳри Душанбе Азизматзода Х.  дар мавзӯи «Боби 4-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба мазмун ва моҳияти меъёрҳои ин Боб ба ҳозирин баён намуд.

Дар идомаи машғулият дар асоси сархати дуюми банди 1-и ин нақша судяи суди шаҳри Душанбе Вализода Т.С. дар мавзӯи «Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд. Намояндагӣ дар суд. (Бобҳои 4 ва 5 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

Суди шаҳри Душанбе