Баргузории машғулияти омӯзишӣ бо судяҳои суди шаҳри Душанбе

Имрӯз, 6 майи соли 2021 аз соати 16:00 то 17:00 дақиқа дар асоси нақшаи баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ бо судяҳои суди шаҳри Душанбе дар соли 2021 машғулияти омӯзишӣ бо иштироки роҳбарият ва судяҳои суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози баргузории машғулият дар асоси сархати аввали банди 1-уми нақшаи мазкур сараввал муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.А.  дар мавзӯи «Боби 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба мазмун ва моҳияти меъёрҳои ин Боб ба ҳозирин баён намуд.

Дар идомаи машғулият дар асоси сархати дуюми банди 1-уми ин нақша судяи суди шаҳри Душанбе Нарзуллозода Ш.Н. дар мавзӯи «Таъини муҳокимаи судӣ ва омадагӣ ба он (боби 31 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №9 аз 23.12.2011 сол)» баромад намуд.

Суратлавҳа аз ҷараёни машғулияти омӯзишӣ

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе