Баргузории коференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Нимаи аввали рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе коференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур сараввал раиси суди шаҳри Душанбе – Гиёзода М.Қ. бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, зимнан ҳозиринро бо ин ид табрику муборакбод гуфта, ба онҳо таманниёти неки худро баён намуданд.

Сипас дар конференсия маърӯзачиён:

— судяи суди шаҳри Душанбе – Нарзуллозода Ш.Н. дар мавзӯи “Президенти ҶТ ва ташабусҳои байналмилалии аҳамияти глобалидошта”;

— корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе – Маликзода Н.Ғ. дар мавзӯи “Нақши Президенти ҶТ дар муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ”;

— корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе — Наҷмудинзода О.Н. дар мавзӯи “16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Ҳамчунин, судяи суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.А. ва корманди дастгоҳи суд Назирмадзода Д.Н. вобаста ба ин ҷашн баромад намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрику муборакбод намуданд.

Пас аз ин якчанд нафар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баромад намуданд.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дасгоҳи суди шаҳри Душанбе