Баргузории ҷамъомади судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март.

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суд ва собиқадорони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди Модарон баргузор гардид.

Дар маҷлис собиқадорони суди шаҳри Душанбе Шамсиддинова Муҳаббат, Қурбонова Моҳбӣ, Абдуллозода Гулнисо ва Ҳасанзода Машҳура, ки солҳои тӯлони ба ҳайси судяҳои суди шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудаанд, даъват гардидаанд. Сараввал ҳозиринро Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. табрику муборакбод намуда, ба кулли модарон ва занон таманниётҳои некро аз номи худ ва коллективи суди шаҳри Душанбе иброз намуданд.

Ҳамзамон, муовинони Раис Холиқмуродзода Д.А. ва Бобохонзода Асомуддин, судяҳои суди шаҳри Душанбе Абдулғанизода А.А., Раҷабалӣ Аҳтам, Сафарзода Қ., Амонзода Н.Ш. ва кормандони дастгоҳи суд Назирмадзода Д.Н. ҳозиринро бо Рӯзи Модарон табрик намуданд.

Дар охир роҳбарияти суди шаҳри Душанбе ҳамаи занон ва модаронро бори дигар муборакбод намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ намуданд.

Аксҳо аз ҷараёни баргузории ҷамъомад

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе